ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Инҷо барои зиндагӣ макони хуб аст, - ниҳоят гуфт меҳмон, - замину меваи фаровон дорад, аммо одамаш кам аст, мардуми ҳамаи деҳаҳоро ҷамъ куни чор панҷ оила беш нест. Вақте отаи кӯдакҳо гуфт, ки акаи Рашид зан гирифтасту базудӣ ба хонаи падариаш мекӯчад, ман аз хурсанди рӯз мешумурдам. Ин ҷо кас аз беодамӣ зиқ мешавад. Хайрият, ки шумо омадед..
Меҳмон бо шодӣ ба Фаришта чашм дӯхт, гӯё интизори як ҳарфи гарму самимӣ буд. Фаришта хиҷолатомез лабханд зад ва бо аломати тасдиқ такон дод.
Фаришта, худат чандсолаӣ? - меҳмон ва бодиққат ба ба рӯи Фаришта нигоҳ кард.
-Шумо номи маро аз куҷо медонед?
-Аз акаи Рашид пурсидам, гуфт, ки номат Фаришта аст.
Ман Нигина ном дорам, духтари калонам Таҳмина ва ин духтаракам Сабрина.
-Нагуфтӣ чанд солаӣ.
-Ҳамин сол ба 29 қадам гузоштам.
-Ҳамсол будаем, ...гуфт зан маънидорона. -Ман дар ҳаждаҳсолагӣ издивоҷ кардам, шавҳарам он вақт 25 сола буд.
Холааш дар кӯчаи мо зиндагӣ мекард, гоҳ гоҳ меҳмонӣ меомад, маро як ду бор диду ошиқ шуд, одам равон кард, падарам “не” нагуфт. Инсони хуб аст, ман баъдтар ошиқаш шудам, -гуфт Нигина бо ифтихор.
-Худат то издивоҷ бо акаи Рашид ягон бор шавҳар накарда будӣ?- пурсид меҳмон ва кунҷковона ба чеҳраи духтар чашм дӯхт.
-Не, духтари хона будам, -гуфт Фаришта бо дили нохоҳам ва абрӯ чин кард. Меҳмон мехост чизи дигаре ҳам пурсад, аммо қиёфаи духтарро диду истиҳола кард.
-Акаи Рашид бисёр инсони хуб аст, баъзе одамҳо дар ҷайбашон ду танга пайдо шавад, заминро аз осмон фарқ намекунанд, аммо ин мадак бо ин ҳама давлату савлат бисёр хоксору дасткушод аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё