ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- пурсид Фаришта ва шод шуд, ки ниҳоят барои суҳбат мавзӯъ ёфт.
Меҳмон интизори ин суол набуд, ки каме дастпоча шуд, забон хоид, ба сақф чашм духт ва вонамуд кард, ки хотираашро такурӯ мекунад.
-Не-е, намедонам, мо ин тарафҳо бисёр намоем, як ду дафъа барои мӯйсафеди хусурат равғани суғур овардам, бо кампираш танҳо буд, пояш дард мекард. Ин ҷо суғур зиёд аст, зимистон то дари хона меоянд. Меҳмон гӯё худогоҳ риштаи суҳбатро ба сӯи дигар тоб дод.
Беша пури хуки ваҳшиву гуругу шағол аст, ҳатто хирс ҳам дорад. Як зимистон хирс аз тирпарронии шикорчиҳо бедор шуду қариб буд ҳамсояи моро пора кунад, ҳайрият, ки ҳамроҳонаш расида омаданду он хирсро куштанд. Модахирс буд, шавҳараш то чанд соли дигар ба одамҳо ҳамла мекард, интиқоми занашро мегирифт. Шикорчиҳо борҳо дидаанд, ки он хирс сарашро ба дарахтҳо мезаду нола мекард.
-Дар ҷевон либосҳои занонаро ҷо гузоштанд, гуфтам шояд иҷоранишинҳои пешина фаромӯш карданд...
-Намедонам... Мо се сол пеш ба ин ҷо кӯчидем, пештар дар шаҳр зиндагӣ доштем, додаршӯям зан гирифту мо занҳои ҳевар бо ҳам соз наомадем. Гузаштагони шавҳарам аз ҳамин деҳкадаҳо буданд, онҳо мурданду хонаву заминҳояшон бесоҳиб монд, мо маҷбур ба инҷо кӯчидем.
Зан чойи сардшудаашро дам кашиду мисли талабае, ки дарсро аз худ накардааст ва барои хок пошидан ба чашми муаллим ҳар чӣ аз даҳонаш омад ҳамонро гуфт, хиҷолатомез ба духтар нигоҳ кард.
-Шояд барои чизу чорааш баргардад, чун як ҳаммом пури атру крему собун аст, - гуфт духтар, ки аз бемавзӯӣ гапи иҷоранишини пешинро гаштаву баргашта дар миён мегузошт.
-Намедонам, ...шояд – бо дили нохоҳам гуфт меҳмон.
Ҳарду хомӯш шуданд. Агар садои чап-чап пистонаки кӯдак намебуд, хаёл мекардӣ, ки дар хона касе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё