ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Саги сиёҳ аз гӯшаи торикӣ ҳавлӣ ҷумбон-ҷумбон чун аз пардаи шаб берун омад. Ҷуфти чашмони фурӯзонаш гоҳ дар як тараф дурахшид, гоҳ ду қадам дуртар. Даҳ соли зиндагӣ бо ин хонавода ӯро рамузфаҳм кардааст, мекӯшид ба белу банду каланд, ки соҳибхона ҳар ҷо дилаш хост ҳаво медиҳад, барнахӯрад ва аз хашми ӯ эмин бимонад. Саг ба дари ошхона расиду тамаллуқкорона думликонӣ кард.
Ту чаро намехобӣ? Гуруснаӣ? Саги сиёҳ дар ҷавоб лаб лесид.
Духтар аз ғарами зарфҳои холиву нимхолӣ пораҳои гӯшту чарбро ҷудо карду ба косаи оҳание андохт, ки саги шикамчарон онро аз лесидан чун алмос суфтаву дурахшон кардааст. Оби даҳони саг аз гӯшаи лабонаш ба замин рехт, аммо наздик наомад, интизор шуд, ки духтар косаро ҳар чӣ бештар пур кунад. Чанд дақиқае, ки духтар дар ошхона барояш сарқут ҷамъ мекард, шояд дар назари саг мисли сол намуд.
- Биё, бигир ризқатро, - ӯ косаи пури ғизоро ба замин гузошт, аммо ҳанӯз пушт ба саг накарда буд, ки коса холӣ шуд.
- Мегӯӣ аз дарав омадаӣ! Бегоҳ худам шикаматро сер кардам. Саг лабонашро лесиду бо умед ба сӯи табақҳои ошхона нигоҳ кард.
Нигоҳ накун, дигар чизе нест, бирав бихоб. Саг чун гадои хира илтиҷоомез ба духтар нигоҳ карду дум ликонд, аммо чун дид, ки бӯи умеде нест, бо дили нохоҳам, ҷумбонҷумбон дар торикии шаб ғайб зад.
Духтар косаҳоро шусту ҷо баҷо кард. Дастонашро собун зад ва акнун мехост ба тахти хобаш баргардад, ки аз ҳуҷраи шафати хонаи хобаш садои падарашро шунид. Ӯ духтари кунҷков нест, боназокату тарбиядида аст, аммо аз суҳбати волидон, ки канда-канда ба гӯш мерасид, эҳсос кард, ки онҳо дар бораи ӯ баҳс мекунанд.
Падар бо ҳавобаландии ба худ хос, ки тарафи дигари баҳсро одам намеҳисобад, мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё