Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз дохили садои мусиқӣ баланд шуд, таронаи тоҷикӣ набуд, кадом овозхони рус месуруд.
Вазъият тадриҷан барои Фаришта рӯшан мешуд:

  • Ин одам хотирхоҳи ман нест, шояд никоҳи шаби гузашта барояш як созиши маҷбурӣ бо хонаводааш буд. ...пас ин издивоҷ эҳтимол умри тӯлонӣ надорад.
    Фаришта намедонист дар ин шароит чӣ гуна рафтор кунад. Хомӯш монаду шавҳарашро нодида бигирад ё бо ӯ ҳарф бизанаду дарди дилашро бигӯяд? Ӯ аз замин баланд шуду доманашро афшонд ва аз паллаҳо ба айвони баланд баромад. Айвон дидбонгоҳро мемонд. Аз ин баландӣ ҷангали анбӯҳ бо дарахтҳои кутула ва бо гургу хирси шояд дар зери буттаҳо пинҳон, бо гилемҳои рангоранги меваи тар ва бо селаи паррандаҳои ғазалхон чун пояндоз дар зери пой мехобид.
  • Макони узлатнишинӣ, паноҳгоҳи онҳое, ки дилашон аз одаму олам мондааст. Магар барои гум шудан дар ин сарзамин ва рафтан аз ёдҳо беҳтар аз ин ҷойе ҳаст? Кош ин издивоҷи аҳмақона баҳам мехӯрду ин хонаро ба ман медоданд, ман инҷоро обод мекардам, бузу гӯсфанд мепарваридам, сабзавот кишт мекардам, ширинӣ мепухтам ва баъд модарам ва саги сиёҳро меовардам. Зиндагӣ аҷаб ширин мешуд!
    Ҳуҷраи миёна, ки домод ҷиҳози духтарро дар он гузошт, ҳам хонаи хоб буд, ҳам нишемангоҳ. Тахти хоби дунафара, ҷевони калони қирмизӣ ва қолини нарме дошт, ки пойи одам дар патҳояш меғутид:
  • Аҷаб, ин хонавода ошиқи ранги қирмиз будаст. Ин ранг барояшон чӣ хосият дошта бошад? - дар ин бора зиёд фикр накард, чун наметавонист ба ин суол ва даҳҳо суоли дигар, ки аз дирӯз дар зеҳнаш чарх мезананд, посух пайдо кунад. Аз дишаб худро ба муқовимати тӯлонӣ ва таънаву ҷангу ҷанҷол омода мекард, аммо ангор зарурате барои муқовимат нест.
    Домод ба ӯ таваҷҷуҳ надорад, хонаи хобашро аз ҳоло ҷудо кард ва аломат дод, ки “то ин ҷо якҷо омадем, аз ин ба баъд ту медониву дави аспат.” Фаришта ба сандуқи туҳфаҳои хонаводаи домод даст назад, ҷомадонро боз карду хост ду се куртаи бо худ овардаашро дар ҷевон гузорад.
пешина
аз 473
навбатӣ