Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Домод дари ҳар се ҳуҷраро боз карду ҷиҳези духтарро ба ҳуҷраи мобайнӣ, борхалтаи худро ба ҳуҷраи сари роҳ ва орду маҳсулоти дигарро дар таҳхона гузошт. Сареъ кор мекард, гуё умре ҳаммол буд. Чанд дафъа аз паҳлӯи Фаришта рад шуд, ки ба мошин такя зада ба равуои ӯ халал мерасонд, аммо лаб накушод.
Ниҳоят пушти мошин холӣ шуду ӯ ба сутуни айвон такя заду сигор рӯшан кард. Дуди аввалро кашиду зуд сар надод, назараш ба дуриҳо буд, сипас рӯ ба осмон оварду дудро сар дод. Якбора андуҳгин шуд, мисли одами ғамдор. Духтар хаёл кард, ки ӯ ҳоло лаб ба насиҳат мекушояд ва мегӯяд:

  • Коре, ки бояд намешуд иттифоқ афтод, бо ин воқеият бояд канор омад, биёед имтиҳон кунем, шояд бо ҳам унс бигирем ва зиндагии хубе бунед кунем. Ман ба ӯ бояд чӣ ҷавоб диҳам? -духтар худро ба ин суҳбати нохуш омода мекард. - Шояд бигӯям, ки як ба синну солат нигоҳ кун, ҳамсоли падари манӣ! Ҷавобамро бидеҳ, маро то сари роҳи калон бубар, он тарафаш паноҳамон бар Худо!
    Аммо ӯ чизе нагуфт, пушти ҳам ду сигор кашиду баъд ба лаби наҳр рафт, ба рӯяш ду панҷа об зад ва ду ангушташро ба даҳон гузошта ҳуштак кашид. Садои ҳуштаки ӯ селаи паррандаҳоро ба хониш даровард. Як ҷуфт аз он хайл ҷудо шуду ду қадам дуртар ба шохаи дарахти лаби наҳр нишаст.
    Он ҷуфти рангинбол беҳарос аз шоха ба шохае мепарид ва чириқ-чириқ чизе мегуфт, гӯё ин мардро мешинохтанд. Ӯ дасташро ба сӯи паррандаҳо дароз кард ва он ҷуфт бо навбат ба пушти дасташ нишастанд ва ба ангуштонаш нул заданд.
    Хеле бо ҳам “ишқварзӣ” карданд.
    Ниҳоят мурғҳоро сар доду рӯ ба айвон овард.
  • Боло бароед, ҳуҷраро ба шумо нишон диҳам, - гуфт ӯ бо садои хиррии хоси одамони сигорӣ. Фаришта аз ҷой наҷумбид. Домод, шояд ба эътирозҳои арӯс одат мекард, ки дигар чизе нагуфт, оромона ба ҳуҷрааш даромад ва дарро пӯшид.
пешина
аз 473
навбатӣ