ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Чанд соат гузашт, шояд се соат ё чор соат, билохира субҳ дамид ва Фаришта, нимхобу нимбедор худро дар иҳотаи кӯҳҳои баланде дид, ки теғаи қуллаҳояшон ба синаи осмон мерасид. Абрҳои сафед ба тани харсангҳои урён такя зада, қисме ҳам даври сари қуллаҳо аммома мебастанд.
Мошин дар баландие буд, ки мешуд думи абрро гирифту “парвоз” кард. Худравҳои пур аз мусофир ин роҳи тангро, ки агар эҳтиёт накунӣ ба ҷарӣ меафтӣ, оҳиста убур мекарданд ва ронандаҳо бо чароғҳои фурӯзон ба якдигар чӣ аломатҳое медоданд. Аз ин баландӣ деҳкадаҳои поён мисли лонаи занбӯр ва рӯдхонаҳо мисли ҷӯбор менамуд. Мошини онҳо аз роҳҳои пасту баланди кӯҳистон босуръат ба ҳамворӣ мефаромад ва дубора мисли сангпушт ба ағба мехазид.
Фаришта кӯҳҳои ба ин баландиро бори аввал медид. Ӯ бо таҳайюр ба атроф нигоҳ мекард, аммо ҷуръати пурсидан надошт, ки ин ҷо куҷо аст ва домод ӯро куҷо мебарад? Сараш аз бехобиву гуруснагӣ чарх мезад. Ногоҳ мошин суръаташро кунд кард ва кӯҳу камар дар паси пардаи ғафс нопадид шуд.
“Наход то абрҳо баланд шудем?”. Наздиктар нишасту аз тирезаи пеши мошин, ки гоҳ тира мешуду гоҳ рӯшан берунро дид. Гӯё замин кафидаву бузу гӯсфанду гову хар берун омадаааст. Чӯпоне аспсавор, ки сурхии чеҳраи офтобхӯрдаааш бо саллаи даҳмардагиаш ҳамранг буд, гову молашро аз ин ҷодаи танг ба кадом чарогоҳе мебурд.
Қамчини дарозаш болои сари ҳайвонҳои хаста ҳуштак мекашид ва муҳим набуд, ки зарба кадомиро дарёб мекунад.
Ҳайвонҳо якдигарро бо думбаву шохҳояшон тела дода, афтону хезон пеш мерафтанд. Гоҳ ба як мошин бармехӯрданд гоҳ ба мошини дигар ва ронандаҳои ғазаболуд то ҳафт пушти чӯпону гову гӯсфандашро дашном медоданд.
Чӯпон гӯш ба карӣ зада буд ва савори аспи гули бодом чунин бо ифтихор мерафт, ки гӯё хӯҷаини роҳу дараву кӯҳистон буд. Шояд медонист, ки одами ҳушёр танҳо барои муҷозоти як чӯпони аблаҳ худро ба сели бузу гӯсфанд намезанад, то аз даҳ ҷояш зарба бихӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё