ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Соҳибхона бо духтаронаш омаду бо худ шона ва асбоби ороиш овард, аммо ашкҳои шашқатори арӯсро дида, истиҳола кард. Духтари почадароз ӯро ба оғӯш кашид ва китфонашро навозиш кард. Алами Фаришта аз ин меҳрубонӣ бештар шуд. Ҳар се хомӯшона ба ҳиқ-ҳиқи ӯ гӯш медоданд, чеҳраи духтарҳои соҳибхона маҳзун буд, дилашон ба ҳоли арӯс месӯхт, аммо барои тасаллӣ ҳарфе надоштанд. Чӣ ҳам мегуфтанд!
Аз берун касе садо кард, ки мошин омодаи роҳ аст ва арӯс дар иҳотаи соҳибхона ва духтаронаш ба ҳавлӣ баромад.
Дар берун мошини бадвоҳимаи шости баланд ғуррос мезад.
Чунин мошинҳоро духтар дар телевизион дида буд, ки мавҷи хокро дар қумзаминҳо ба осмон бардошта, сабқат мекунанд.
Сандуқи ҳадяҳо ва ҷомадонаш кайҳо дар дохили мошин буд.
Кампир дар як борхалтаи вазнин тӯшаи роҳ овард ва онро дар сандалии ақиб гузошт. Барои духтар дар сандалии пеши ронанда ҷо гузоштанд, аммо ӯ то даме, ки дари пуштиро боз накарданд, ба мошин нанишаст. Занҳо арӯсро ва мардҳо домодро ба оғӯш гирифта роҳи сафед хостанд.
Мӯйсафеди сӯфинамо даст ба дуо бардошт ва ба онҳо фотиҳаи роҳ дод.
Мошин аз аз роҳрави барҳаво берун шуду Фаришта оҳи сабук кашид ва сар ба тиреза гузошт. Хаставу хоболуд буд, аммо нигарониву номуаянӣ бар хоб боло мегирифт. Чашмаш хоб буду дилаш бедор.
Ҷодаҳо хилвату торик буданд, гоҳ-гоҳ дар рӯшноии чароғи мошин чашмони гурбаҳои бесоҳиб барқ мезаданд ва сагҳои велгард қад-қади ҷодаҳо тани аз гуруснагӣ ва хастагӣ сангини худро ба куҷое мебурданд. Дар вуҷуди духтар аз қотеъяти ду рӯз пеш, ки бо ғурур ба рӯи падараш давиду шартгузорӣ кард, нишоне намонд. Ошуфтагиаш лаҳза ба лаҳза бештар мешуд. Дар дохили мошин торик ӯ танҳо суроби шавҳарашро медид, ки чун ҳайкали санг ноҷумбон буд ва чашм аз роҳ намеканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё