Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ман ба ин хостгорҳо розигӣ додам ва ҳарфамро пас намегирам, мехоҳӣ хамин, намехоҳӣ чор тарафат қибла аз баҳрат мегузарам, пою қадамат дигар ин хонаро намебинад.
    Тайёриатро бин, ҳамин ҳафта барои маслиҳати тӯй меоянд.
    Ӯ бо қаҳр аз ҳавлӣ баромад ва дарвозаи оҳанинро чунон сахт пӯшид, ки деворҳо ларзиданд.
  • Шумо чаро хомӯшед? Чаро тарафи маро намегиред?- духтар баъди аз дарвоза берун шудани падар ба сари модараш тохт.
  • Охир ин гӯрсӯхта то ҳамин соат ба ман чизе нагуфт, ақалан таку дарак мекардам, ки домод чӣ одам аст.
  • Шумо бояд мегуфтед, ки ман духтарамро аз кӯча наёфтаам, ки ба марди пир ба занӣ диҳам, бигзор якумр дар хона бе шӯ монад, вале бо марди пир издивоҷ намекунад!
    -Магар мешавад бо падари ту бо ин лаҳн гап зад, сангу сафолро дар сарам мешиканад, феълашро ку беҳтар аз ман медонӣ.
  • Шумо як дафъа ҳам дар рӯ ба рӯи ӯ модарвор аз мо ҳимоят накардед, сарнавишти хоҳарҳоямро ба хости худаш ҳал кард, шумо хомӯш будед. Ҳоло навбати ман расид, шумо боз ҳам гӯш ба карӣ задаед. Худоё, чаро ман дар ин хонавода ба дунё омадам!? - духтар инро гуфту гирякунон ба тарафи ҳуҷрааш давид.
    Зан хеле фикр кард. Эътирози духтараш каме ӯро ба худ овард, аммо паёмади ин баҳсро аз қабл медонист. Вақте барои духтари дуюмаш хостгор омад, духтарак акнун мактабро бо баҳои аъло хатм карда буд ва мехост ба донишгоҳи тиббӣ санад супорад. Хостгор аз рафиқони шавҳараш буд, ки барои писараш арӯс мекофт ва розигии падари арӯсро дар сари замини кишт гирифт.
    Ҳатто аз духтараш напурсид, ки домодро мехоҳад ё не.
    Хостгорҳо бехабар омаданд, омаданду ба арӯс курта пӯшдонданд ва сурати домодро дар бағалаш гузоштанд.
    Духтари бечора аз гиря варам кард зорӣ кард, ки ояндаашро насӯзонанд.
пешина
аз 473
навбатӣ