Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта даст пеши бар ба меҳмонҳо салом дод.
Мӯйсафеди сӯфинамо, ки аз бари боло нишаста буд ва бо сари хам тасбеҳ мегардонд, сар аз тасбеҳ бардошту “алекат бар салом, духтарам” гуфт. Марди ҳавобаланд аз духтар чашм намеканд, аз сар то пояшро меомӯхт. Чашмонаш аз шодӣ бозӣ мекарданд. Меҳмони хиҷолатӣ, ки гунаҳкорона ба зонуҳояш чашм дӯхта буд, бо дили нохоҳам ба Фаришта нигоҳ кард. Духтар чойникро бо эҳтиёт дар гӯшаи миз гузошт ва хост баргардад, аммо садои падараш ӯро боздошт.

  • Чойро гардону баъд бирав духтарам.
    Он қадар нарм ва бо меҳрубонӣ гуфт ин ҳарфҳоро, ки Фариштаро арақи сард пахш кард. Пойҳояш ларзиданд, ӯ чойро ба як ҳоле гардонд ва охиста аз дар баромад. Ба хонаи хобаш нарафт, ба ошхона баргашт, ранг дар рӯ надошт.
    Зан корд дар даст тарбузу харбуза тилим мекард, духтарашро рангпарида диду аз ҷой бархост..
  • Чаро меларзӣ? Магар чизе гуфтанд меҳмонҳо?
  • Модар, ин одамҳо хостгоранд? - пурсид духтар бо изтироб.
  • Намедонам, ҳар қадар кунҷковӣ кардам, падарат нагуфт, ки инҳо кистанд, аз куҷо омаданд. Хостгор мебуданд, моро хабар мекард, ақаллан либосатро иваз мекардӣ...
  • Шояд ба назарам намуд, аммо ҳис кардам, ки се ҷуфт чашм аз сар то поямро чен мекарданд...
  • Ягон нафараш ба домод монанд буд?
  • Мардҳои калонсоланд, аз панҷоҳ ба боло...гуфт духтар, ки лаҳза ба лаҳза бештар ошуфта мешуд.
  • Намедонам, ...ба Худо, аз даҳони ин мардак магар гап гирифта мешавад?
    Меҳмонҳо вақте рафтанд, ки ҳама ҷуку ҷондор дар шикофҳои амн орамида аз кӯча ба ҷуз аккоси сагҳои дайду садое ба гӯш намерасид. Соҳиби хона онҳоро то назди мошин раҳбаладӣ кард, зуд барнагашт, гӯё ҳарфашон дар чаҳор панҷ соат соат тамом нашуда буд. Ниҳоят садои қуфли дари оҳанӣ баланд шуд ва сояи падараш аз роҳрави торик ба рушнои бурӯз кард.
пешина
аз 473
навбатӣ