Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як робитаи аҷибу ғариб буд, ингор хола бо ин марди дилгирифт, ки соатҳо дар такяи сутуни айвон сар ба сукут мерафт ва сигор дуд медод, танҳо барои ҳамл издивоҷ карда буд, гўё байни шавҳараш ва буққаи ҳамсоя, ки аз хона ба хона барои бордор кардани модаговҳо мебурданд, фарқе намедид.
Ў баъди Найсон як духтараки дигар зоид ва барои се сол рухсатии ҳомиладорӣ гирифт. Исми бачаашро ёд надорам, вале бо номи Найсон ҳамнавоӣ дошт. Ширину кўчулу буд ва пўсташ мисли махмал нарм. Хола бачаҳояшро ноз мекард, садояшро ба тамоми ҳавелӣ сар медоду барояшон лолоӣ мехонд.
Ман аз нозу навозишҳои модари худам хотироте надоштам, ҳамон тавр ки гуфтам, хеле барвақт аз ў ҷудо шудам. Солҳо пеш, вақте гоҳу ногоҳ бо ҷомадонҳои пур аз ҳадя аз Туркия бармегашт, аз ў мегурехтам, пушти домани хола пинҳон мешудам, эҳсоси бегонагӣ мекардам. Баъдҳо ўро ба куллӣ аз ёд бурдам.
Модарам пас чанд сол зиндагиашро дар Туркия сомон дод ва хоҳари бузургамро бо худ бурд. Мехост маро низ бо худ бигирад, хола розӣ нашуд, санади фарзандхониро дар даст алвонҷ дод ва бо садое, ки ба гўши сокинони кўча мерасид, фарёд зад: «Бираву дигар роҳи ин хонаро фаромўш кун, вагарна туро шармандаи ҳарду олам мекунам!» Намедонам ў чӣ далели шармоваре аз модарам медонист, ки таҳдидҳояш коромад шуд, аз он сол ба баъд дигар модарамро надидам.
Мегўянд: «каҷ бинишину рост бигўй» - хола ишқашро байни ману духтаронаш баробар тақсим мекард, ҳатто гоҳо ба ман бештар медод. Бо гузашти солҳо фаромўш кардам, ки ў модари воқеии ман нест. Нозҳоямро мехарид, хостаҳоямро бидуни чуну чаро иҷро мекард, бароям дасти каме аз модар надошт.

пешина
аз 313
навбатӣ