Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дар он кобусҳои нимашабӣ касе побарчин ба сари болинам меомад, нафасҳои сангинашро қурт медод, то шунида нашаванд, маро ба паҳлў мехобонду дар паҳлўям дароз мекашид ва зонувонамро бо дастони арақкардаву лазиҷ ламс мекард. Ин рўъё он қадр тўл мекашид, ки ингор рўзу шабон дар он кобусҳо зиндагӣ мекардам. Хобам олуда ба дуди сигор буд, он бўй гўё аз дари айвон ба дохил меомад ва маро хафа мекард... Хобҳои ман бо ин дуд тавъам буданд.
Ман акнун аз хонаи хобам, аз бистарам метарсидам, эҳсоси дармондагӣ мекардам, бо ҳарос пилк ба ҳам мегузоштам ва ба маҳзи дур шудани дасти хола аз дастам чашмонам худ ба худ боз мешуд, гўё хобе дар онҳо набуд.
Хола Моҳистон нигаронам шуда буд, маро назди мутахассиси мағзу аъсоб бурд, бароям мусаккину доруйи хобовар гирифт. Аммо он даво ба кобусҳои нимашабӣ таъсиргузор набуд, танҳо маро лакоту пакар мекард, он дасти таболўд ҳамоно нимашабҳо меомаду зонувонамро ламс мекард.
Ман аз як духтараки шўхи хушҳол ба як бачаи тарсўйи гушагир табдил шудам, он қадр ғарқ дар он тарс, ки ҳатто зонувони арўсакҳоямро мебастам ва онҳоро зери тахти хоб пинҳон мекардам, то он дасти нимашабӣ ба пояшон нарасад. Хавосам парешон буд, зеҳнам рўз то рўз кунд мешуд, дигар наметавонистам рақамҳоро то сад бишмарам.
Вазн кам кардам. Амма Мунис аз маризиам огоҳ шуду ба диданам омад, аз хола Моҳистон хоҳиш кард, ки маро барои ду се ҳафта ба назди хоҳарбузургам бифиристад.
Хола дарҳол розӣ шуд, метарсид, ки агар иттифоқе рух диҳад, сояаш рўйи ў меафтад, аммо шавҳараш ахм кард, ў ба рафтанам розӣ набуд, мегуфт: «кўдакро кабутари дубома мекунед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё