Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Мегуфт, ки онҷо эҳсоси оромиш мекунад. Фарзандони Моҳистон аз холадухтари худ чизе намедонистанд, ҳатто ўро ёд надоштанд, модарашон гоҳо ғайриихтиёр «ин чизро дар хонаи Санам гузор, ё фалон чизро аз хонаи Санам биёр» - мегуфт ва онҳоро гиҷ мекард.
Ҳуҷраи хоби Моҳистон бо тахти сафеди дунафарӣ, ҷевони сафед, пардаву деворҳои оҳарӣ ва қолии қаҳваранги дастбоф, замоне аз зеботарин гўшаҳои ин хона буд.
Найсон ин ҷоро дўст медошт, чун бўйи атри модарашро медод, аммо акнун сардие дошт раъшабарангез ва ҳолае дошт тарснок. Шунида буд, ки вақте рўҳи инсон ба дунёи дигар меравад, роҳ низ як муддат ба олами мурдагон боз мемонад, бо худ гуфт: «Эҳтимол сардии раъшатовар ба ин утоқ аз дунёи мурдагон мевазад?»
Рўзи мотам ин ҳуҷра гузаргоҳро мемонд, фарши ғуборолўд, ҳоло низ ҳовии нақши кафшҳои хуруду бузурги мардонаву занона аст. Он рўз ҳама думболи чизе мегашт, яке матоъ меҷўст, дигаре пахтаву кафанворӣ ва тағораву собуни обнарасида. Дастпоча шуданд, гўё модараш маризи рўйи бистар набуду ғайриинтизору ногаҳонӣ даргузашт. Дари ҷевонро ҳамон рўз шикастанд.
Аз он дари шикаста радаи либосҳои мураттаби Моҳистон ба назар мерасид, пероҳану домону ҷакетҳои қиматбаҳо, мутобиқ бо рангу бо фасли сол. Моҳистон зани хушлибос буд, ҳеҷ ҳазинаеро барои либос ва зоҳири худ дареғ намедошт. Колоҳои дохили ин ҷевонро Найсон борҳо дар тани ў дида буд, вале ҳоло онҳо низ мутафовит ба назар мерасиданд, шабеҳи колои фурўшгоҳи дасти ду, рангбохтаву берўҳ.
Нигоҳи Найсон ба девори муқобил афтоду аз ҷой нимхез шуд, дар он девор тасвири наққошишудаи модараш овезон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё