Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ва баъд шурўъ кард ба пурсидан. Ҳодисаро ба ў гуфтам, тамоми зиндагиамро, аз издивоҷ то бадбахтии шаби гузаштаро. Бозҷў бо хати шабеҳи нақши пойи мўр чизе менавишт, оҳиста ва нохоста, гўё кори беҳудаеро анҷом медод. Дар ҳоле, ки сар рўйи коғаз хам карда буд, бо овози нозуки нимшунаво пурсид:
«Акнун чикор карданӣ ҳастӣ?»
Гуфтам:
«Мехоҳам барои ин кораш дар назди қонун ҷавоб бигўяд».
Ў пузханд зад.
«Хуб, баъдаш чӣ? Ҷое барои рафтан дорӣ?»
Гуфтам:
«Надорам, аммо духтур гуфт, бо ду фарзанд ҳаққи ман ба он хона бештар аз ҳамсарам аст».
Лаби ў аз хандаи таънаомез каҷ шуд.
«Ба гапи ҳар бесавод гўш надеҳ, аввалан, ҷанҷоли хонаводагӣ, ҳатто бо зарбу шатм аз рўйи қонун ҷурми ҷиддӣ ҳисоб намешавад. Дувум, фарз кардем аризаат сабт шуд ва парванда ба додгоҳ рафт, натоиҷи фавқулоддаеро интизор набош, ҳамсарат бо як ҷаримаи ночиз ҳалос мешавад, баъд ту мемониву погаҳи дари додгоҳҳо, бо таваллое, ки туро дар гўшае аз хонаи худат маскун кунанд.
Медонӣ маскун будан яъне чӣ? Яъне боз ҳамон хона ва ҳамон шавҳар, танҳо бо ин тафовут, ки ту дигар соҳибхона нестӣ, табдил мешавӣ ба як иҷоранишин. Ва онгоҳ ҳар рўз аз панҷараи ҳуҷраяки мисли катаки мурғ ба зиндагии хушбахтонаи ҳамсарат бо он зани ҷавон нигоҳ мекунӣ ва санги маломат бар сар мезанӣ, ки чаро аз рўйи ў шикоят кардӣ! Ағлаб писаратро ба наздаш мефиристӣ, то аз барои нону шакар пул бигирад. Ин камтарин паёмаде буд, ки тасвир кардам...Медонӣ чӣ қадар занҳо баъди маскун шудан худкушӣ мекунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё