ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Таърих
Аз аввал хонданИнчунин, моддаҳои балғаму савдои дар ботин ҷамъшуда баданро тарк мекунанд ва кас аз дардҳо халос мегардад.
- Ҷилоб кардан ба синну сол вобаста ҳаст ё ҳамаро ба як тарз ҷилоб мекунанд?
- Бале, тарзи ҷилоб кардан ба синну сол вобастагӣ дорад ва ҳатто вақт, соат, рўз, боду ҳаво ба назар гирифта мешавад. Ҳаво бояд софу беғубор бошад. Ҳамаи инро ман дар китоби «Гулчини тибби Мавлавӣ» саҳҳеҳ нишон додаам. Баъди хўрдани чор дору одамони пурқувват 11 мисқол (аз 52 то 55 грамм), одамони камқувват 7 мисқол оби саноро мехўранд.
- Ҳуқна намекунанд?
- Не, ҷилоби мо ин оби саноро ба воситаи даҳон қабул кардан аст. Баъди хўрдан ба як минвол намеистанд: 10 дақиқа мешинанд, 10 дақиқа рост меистанд, боз 10 дақиқагӣ ҳаракатҳои дигарро мекунанд, то ки оби сано дар байни узвҳо наистода дар ҳаракат бошад.
Баъди хўрдани оби сано ҷома мепўшанд, то арақ кунанд ва дар ҳар як соат ним пиёлагӣ оби ҷўшонидашуда нўшида, то соати як чизе намехўранд.
Баъди соати як, камтар хомшўрборо бо нони хушкшуда (сухари) ва ё бо нони мулоим мехўранд. Баъди он ки оби сано дар бадан ҳал гашта ишкамро тоза мекунад, аз 3-4 то 17 маротиба касро медавонад. Баъди ҷилоб як муддати муайян хўрдани ғизоҳои боднок мумкин нест. Ин аст як навъи ҷилоб. - Бемории сафедшавии пўстро ҳам бо санои маккӣ табобат мекунед?
- Бале, касалиҳои пўстро ҳам бо ҳамин роҳ табобат кардан мумкин аст. Касалии пўст чанд намуд мешавад. Ба ғайд аз як намудаш дигар ҳамааш табобат мешаванд. Дар бораи табобати бемориҳои пўст, дар китоби «Панди Авлиё» нақл кардаам.
- Канӣ шунавем?
- Сангҳо дар гурда, дар ҷигар, талхадон, пешобдон, ҳатто узвҳои таносул пайдо мешаванд. Санг чанд намуд мешаванд: Санги оҳаксанг, хоросанг, қум мешавад, намаки холис мешавад. Фақат як сангро афтондан мушкил аст – хоросанг, ки онро бо роҳи ҷарроҳӣ мегиранд. Дигар сангҳоро бо воситаи доруҳо афтондан мумкин аст. Бо як зағери оддӣ, ки бо асалу мурч омехта мекунанд, сангҳоро дар кадом узве набошад, афтондан мумкин аст. Дигар пўсти бодиринги пиршуда, ки барои тухмӣ мегиранд, ҷўшонида обашро як ҳафта хўранд, сангро меафтонад.
- Санои маккиро дар кадом фасли сол истифода баранд, беҳтар аст?
- Барои истифодаи санои маккӣ ва ҷилоб кардани он моҳи апрел вақти хуб аст. То охири моҳи сентябр ҷилоб кардан манфиат дорад. Ин давра боду ҳаво мўътадил аст.
Агар худашон ҷилоб карда натавонанд, марҳамат ба деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат. - Ба кори шумо муваффақият хоҳонем.
Мусоҳиб: У. Ширин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё