Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Зиндагӣ дар ин деҳот дигар маъно надошт. Мардум бо тарсу бим зиндагӣ карданро намехостанд. Чуноне ки Умари Хайём мегўяд: – «Ҳамон рўз наврўзи ман аст, ки хотири ҷамъе ба ман аст». Дар ҳаросу хавф будан, зиндагӣ кардан ин хуни дил хўрдан аст.
Он рўзи мудҳиш ҳеҷ гоҳ аз пеши назари фарзандону бародарони Ҳамза дур намешуд. Чуноне, ки халқ мегўяд:
«Хоҳ дар хона ва хоҳ дар шаҳру деҳа баракат дар сари як нафар аст». Мумкин баракат дар сари Ҳамзаи солор буд, ки имсол аз тирамоҳ сар карда, бо зимистону баҳор хушксолӣ омад. Барфу борон хеле кам борид, гиёҳу бутта ва дарахтон хушк гардиданд. Аз беалафӣ говони ширдеҳ аз шир монданд. Мардум ғаллаи дар тирамоҳу баҳор коштаашонро, ки тамоман насабзида буд, аз даруни хоки хушк кофта, чида мегирифтанд ва бо элаку ғалбер бехта, қути лоямут мекарданд.
Шабе бародари Ҳамза, мулло Ҳайдар, дар хобаш марҳумро мебинад. Ҳамза савори аспи сафед, дар сар саллаи сабз, дар тан чакмани сафед ба қамчини дар даст будааш ишора карда мегўяд:
– Фарзандонам, ин ҳокимони танпарвари замон шуморо аз ҳамлаи душманон ҳимоя карда наметавонанд.
Авлодони Мангалхону Бўрӣ-Қатаған қасос гирифтаниянд. Онҳо хусусан авлоду хешу ақрабои моро нест карданӣ ҳастанд. Шумо ба тарафи марказ, водии Ҳисори Шодмон бо аҳли байтатон равед. Он ҷо ҳам як гўшаи ватан аст. Иншоаллоҳ, хушбахт мешавед. Баъди амири адолатхоҳ ба сари салтанат омадан ба Саричашма баргардед. Он амири ғаюр шуморо аз хавфу хатари аҷнабиён ҳимоя мекунад.
Субҳи содиқ, баъд аз адои намози бомдод Мулло Ҳайдар ҳамаи хешу ақрабояшро дар хонааш ҷамъ намуд.
Сўҳбат дуру дароз давом кард. Ҳар кас мувофиқи фаҳмишаш ақидаашро баён мекард. Дар охир ба як фикр омаданд. Мулло Ҳайдар бо ҳаяҷон гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ