ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ногаҳон Ҳамза аз паси сар зарбаи сахтеро ҳис кард. Сари аспи забондорашро ба тарафи деҳаи Саричашма гардонида гуфт:
– Эй ҷонвари безабон, ҷасади маро ғариб накун, ба хоки поки Ватан расон! Сад дареғ, ки орзуи ман ҷомаи амал напўшид!
Рахш чун инсони боақлу хирад хоҳиши соҳибашро фаҳмид, ки мисли мурғи обӣ дар дарёи Панҷ шино мекард. Пас аз бист дақиқаи ҷонбозӣ асп соҳибашро ба соҳил, ба хоки ватани азизаш баровард. Ҳамзаи паҳлавон дар болои қоши зину сараш болои гардани Рахш беёд мехобид.
Ҷасади кайҳо дар оби хунук карахтшудаи Мангали пуштутабор, ки каманди Ҳамза гулўяшро хафа карда буд, аз паси Рахш ба соҳил баромад. Зарбаи ханҷари Бўрӣ- Қатаған кори худро карда буд. Хун аз паси сари Ҳамзаи ватанпарвару миллатдўст ҷўш зада, ҷорӣ мешуд. Занону кўдакон, пирону ҷавонон бо сўзу гудоз дар гирди ҷасади нимҷони дар хоку хун оғўштаи Ҳамза навҳа карда, сару мўй меканданд.
Ҷанги нобаробар то бегоҳ давом кард. Алию Ҳомид ин лаҳзаи ғамангезро дидан замон аз дунболи Бўрӣ- Қатаған шуданд. Ҳомид зарба зад, нарасид. Алӣ аз пеш баромад ва бо шамшер ба фарқи сари Бўрӣ-Қатаған зад.
Ў сарозер ба замин афтида, ҷон дод. Дар ин ҷанг Ҳамза, се бародарон – Иброҳим, Рустаму Муслим ва ҳафт тан аз ҷавонмардони деҳоти атроф, ки барои ҳимояи ватану зану фарзанди хеш омада буданд, шарбати шаҳодатро чашиданд. Аз тарафи ғоратгарон бошад, бист нафар бо ҳамроҳии роҳбаронашон Мангалхону Бўрӣ-Қатаған роҳи ҷаҳаннамро пеш гирифта, абадуддаҳр муқими он шуданд.
Саричашма мотамсарой гашта буд. Нолаву фиғон то ба осмони ҳафтум мерасид. Ҷасади бародарону фарзандон ва ҳамватанонро, ки 11 нафар шаҳиди роҳи озодии миллату ватан буданд, дар гўристони деҳаи бостонии Саричашма гўронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё