ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
В-гар кушта хоҳад ҳаме рўзгор,
Чӣ некўтар аз марг дар корзор.
Бибандед бо якдигар домано,
Намонед бадхоҳ пиромано!
Ҳама рамзро дил пур аз дил кунем,
Тани душманон ҷойи зўбин кунем!
Рўзи ҳаштум қосиди фиристодаи Бўрӣ-Қатаған баргашта, муждаи нек овард. Дар мактуби Мангалхон чунин шарт гузошта шуда буд:
«Эй Ҳамзаи Хатлонӣ! Огоҳ бош, ки ман ягона писар дорам, ки дар дасти ту асир афтодааст. Ба хотири писарам ва Бўрӣ-Қатағани қарлуқ шарт ҳамин, ки шумо асиронро ба соҳили дарёи Панҷ биёред ва дар кемаҳо шинонед, ба тарафи мо гузаронед. Мо ҳам молу амвол, чорвоёну чор духтари асирро ба ҳамин тарз ба он тарафи дарё мефиристонем».
Субҳи рўзи нўҳум дар ду соҳили дарёи Панҷ гупсару кемаҳои хурду калони зиёде меистанд. Бо фармони Ҳамза ҳамаи асирон дар гупсару кемаҳо ҷойгир шуданд ва аз он тараф бо супориши Мангалхон молу амвол ва чорпоёну чор нафар духтари асирро низ омода намуданд. Дар идора кардани кема (киштӣ)-ҳо аз он сўйи соҳил афғонҳои турктабору пуштутабор буданд.
Бо фармони тарафайн кемаҳо ба ҳаракат даромаданд.
Баъд аз муддате кемаҳо аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштанд. Молу амвол ва чорпоёнро аз назар гузаронданд. Дар ҳамин вақт роҳбаладони афғон шитобон ба кемае нишаста, ба ақиб фирор карданд. Аз ин ҳол дили Ҳамза гувоҳӣ дод, ки дар ин кор фиребу найранге ҷой дорад. Ў шитобон аспро ба дохили дарё ронда, рўймолро аз сари духтарон бо шитоб кашида гирифт. Дидан замон ҳуш аз сари ҳамагон ва хусусан волидони духтарон парид. Ба ҷойи духтарон аз лўлачўб хўсае сохта буданд, ки шабеҳи духтар будааст. Аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё