ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Он чор нафар зан гирён шуда, талх-талх, бо қалби сўзону ҷигари бирён мегиристанд. Пас маълум гардид, ки ин чор нафар зани гирёну нолон модарони он чор нафар духтарони нокоми бахтгумкардаи дуздидашуда мебошанд.
Дергоҳ хомўшӣ дар масҷид ҳукмфармо гардид. Ҳамза ба Мулло Ҳайдари бародараш ишора карда гуфт:
– Биёед, қарзи худро дар назди Аллоҳ адо кунем, баъд ба як хулоса меоем.
Мулло Ҳайдар ба муаззин, бародараш Алӣ, ишора кард, ки азон диҳад. Пас аз адои намози хуфтан ҳама аҳли деҳа, пиру ҷавон боз дар аловхонаи масҷид ҷамъ омаданд. Ҳамза аввал ба мардум ва сипас ба бародараш Мулло Ҳайдар рўй оварда гуфт:
– Ҳамватанон, дониста бошед, ки ҳимояи ватану миллат дар назди ҳар як фарди мусулмону ватандўст ва миллатпарвар қарзу фарз аст. Ин суханони ҳазрати Пайғамбари гиромиямону фармудаи Худованд аст! Чӣ бояд кард? Модоме амирону миронамон миллату ватанро аз ҳамлаҳои ғоратгаронаю ваҳшиёнаи душманони аҷнабӣ ҳимоя карда наметавонанд, мо худ ватану миллатро бо нохуну дандон ҳимоя хоҳем кард!
Бо роҳбарии Ҳамзаи кордону қаҳрамон ҳафтод нафар ҷавонони деҳоти атрофи Саричашма чун сарбози худмуҳофиз барои ҳимояи деҳоти худ тайёр шуданд. Аз миён чиҳил рўз гузашт. Шабонгоҳ аз ҳисоби ин ҷавонмардони ҳафтоднафара бо навбат дар деҳаҳои назди сарҳадӣ посбон мегузаштанд. Ҳамза ба посбонҳо фармон дода буд, ки ҳангоме аз ҳуҷуми душман бохабар шудед, дар болои бомҳоятон гулхан афрўзед, то ки мо хабардор шуда, ба имдодатон ҳозир шавем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё