Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ана бинед, заррачаҳои ба чашм ноаён, ки шумо онҳоро микроб мегўед, гўшту пўсти даҳону забонро хўрда, таъсираш ба устухон расидааст.
Модарам фармуд, ки шири бузи кабуд, асал, замч, пару боли кароғ (як навъ паррандаи кабудбол)-ро ёфта биёранд. Пас аз чанд соат доруе ба тарзи хока ва доруи дигаре бо тарзи маҳлул тайёр кард ва он доруҳоро дуо хонда дам кард. Рўзе ду-се маротиба аз он бо пахта ба захм мемолид, баъд доруи хокаро мепошид.
Дар давоми 6-7 рўз тифл пурра шифо ёфт. Духтур бо занаш ба назди модарам омада, арзи сипос карда гуфт: – Офарин, эй модари қиёматӣ! Офарин, эй авлиёзода! Ман ҳафт сол дар Донишгоҳи тиббӣ хонда бошам ҳам, ҳоло мехоҳам аз шумо дарси тиббӣ омўзам.
Ин хел мисолҳоро, ҷиҳати табиби ҳозиқ будани модарам бисёр овардан мумкин аст.

МОДАРИ ШАБЗИНДАДОР Модарам шабҳо намехуфт, то ба субҳ барои хушбахтии фарзандону ободии ватану давру замон муноҷот карда, Худо мегуфт.

пешина
аз 191
навбатӣ