ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Кори даҳ кадбонуро иҷро мекард. Худованд инсонро аз чор унсур: обу оташ, хоку ҳаво офаридааст. Ин чор унсур дар замири қалби модарам ҷўш мезад. Дар муносибат бо хешу ақрабо, хешонамону бегонагон, дардмандону корафтодагон хоксортарин инсон буд. Барои иҷрои корҳои хайр обу оташу бод буд. Ҳарчи шитоб мекард, ки манфиаташ ба мардум бирасад.
Нисфирўзӣ ва ё шомгоҳон хўрокҳои гуногуни миллӣ, аз қабили оши бурида, қурутоб, шакароб, фатирмаска мекарду ҳамсоягонро даъват мекард. Он ҳамсоягонеро, ки бо ягон узре ба хонаамон омада наметавонистанд, дар табақ ё хурмае хўрокро бардошта, ба онҳо равон мекард.
Мўйсафедони деҳаҳои атроф барои оши буридахўрӣ рўзҳои ҷумъа, баъд аз адои намоз ба хонаи мо меомаданд.
Бобои Бўрҳон бе муболиға мегуфт:
– Ҳангоме духтари Ҳазрати Мавлавӣ оши бурида мепазад, ман бўяшро аз деҳаи Тўдаи Наск ҳис мекунам.
Дар ҳаётам ин хел таоми лазизу хушбўйро то ҳол начашидаам. Аз хўрдани таомҳои тайёркардаи духтари бузургвор ҳеҷ гоҳ сер намешавам.
Дар ҳақиқат, вақте ки модарам оши бурида мепухт, ҳар як тўппаи он ба мисли мўй борик ва як метр дароз буд. Аз сабзавоту гиёҳҳои хушбўю лазизу ширин, ба монанди лўбиёи сабз бо шамшеракаш, барг ва решаи лаблабу, кадуи тарак, пиёз, гашниз, райҳон, шибитаки кўҳӣ, кровшак, эшим, ҷимелак ва ғайраҳо истифода мебурд. Ин таомро таоми биҳиштӣ номем ҳам, хато нахоҳем кард.
Модарам меҳмондўст буд. Ў дар чархдегҳои калони сафолин аз гўшти кабк, гўшти гўсфанд ва буз бо равғани зарди говӣ, зағер ва равғани гўсфанд қайла карда, барои меҳмонон нигоҳ медошт. Мо солҳои 1960-ум аз кўҳистон кўчида, ба водӣ омадем. Мардумони кўҳистон рўзҳои панҷшанбею ҷумъа гову гўсфанд, аспу бузҳояшонро барои фурўхтан ба бозор меоварданд. Дар он замон рўзҳои шанбею якшанбе бозори гову асп ва моли майда баргузор мегардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё