ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Чунки ҳама комёбию муваффақияташ, некбахтию хушбахтӣ, серию пурии мо – фарзандони ватан дар амну амонӣ ва сулҳу ваҳдати мамлакат дастрас мегардад.
Пас аз адои намоз ба оташдон алов монда, дар болояш об мегузошт. Оби офтобаи мисин кафкзанон балақ-балақ меҷўшид ва як садои форами гўшнавозро тавлид мекард. Пас хурмаи сафолини пур аз нақшу нигорро гирифта, ба дўшидани гови зард шурўъ мекард.
Гўё модарам бо дастони мўъҷизаофаринаш чанг менавохт. Садои паррандагони хушнаво бо маъоси гову гўсола, бузу бузғола, гўсфанду баррачаҳои навзод, бо садоҳои ҷўшиши офтобаи мисину ширдўшии модарам ҳамроҳ гардида, субҳгоҳон деҳаи Лошхарфро ба як базмгоҳи Наврўзи ҷамшедӣ монанд мекард.
Орзуҳои ширини даврони кўдакии ман аз ин садоҳои форами дилнавозу тамошои манзараҳои дилрабои кўҳистони ватан ба дуриҳои дур парвоз мекарданд. Худро савори аспи саманди орзуҳои дерину ширини даврони кўдакӣ, ки гўё қанот бароварда, аз болои силсилақаторкўҳҳои осмонбўси сарсафеди водии Ҳисор ба сўйи абрпораҳои пурҷилои баҳорӣ парвоз мекарданд, медидам. Аз болои абрпораҳои мармаринранг ба замини сабзу хуррам, кўҳҳои барфпўш, чашмаю кўлҳо ва дарёҳои нилгуну нуқрагин менигаристаму ҳаловат мебурдам. Дар замин чизеро меҷустам, чизи аз ҳама чизҳо азизу муқаддасро меҷустам. Ана, он мўъҷизаи Офаридгорро, модари аз ҷон ширинтарро, ки дар гирди оташдон давр мезад, дидам. Дуди оташдон бо буғи деги шири ҷўшомада якҷоя шуда, сўйи осмон, яъне ба суроғи ман меомаданд.
Бўйи шири навпухтаро бод субҳгоҳон ба машомам меовард. Аз тамошои ин манзараҳои дилфиребу бўйи хуши лазиз вуҷудамро як қувваи фавқултабиие фаро гирифт. Гурусна монда, шири модарро ба ёд оварда, ширшир гўён дод задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё