Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Валентинаро як ҳиссиёту ҳаяҷони ҳайратовар фаро гирифта буд. Ў бо имою ишора, бо чашмони зебои кабкабуди осмонрангаш, ки ашк он чашмони фаттонро ба баҳри пуроб монанд карда буд, мегуфт:
– Ҳаёти ҷовидонӣ ё марги ғарибона мехоҳед?
Ман ба аломати инкору рад сарамро ҷунбондам, ба ў фаҳмондам, ки чаро ту дар ватанат мусулмон нашудӣ, хоҳишатро рад мекунам.
Дар як лаҳза ашки дар чашмонаш ҷамъшуда, ба ду бари рухсори сурху сафедаш ҷорӣ шуда, ба пероҳани сафедаш чакид. Ҳайати комиссия бо ҳайрат гоҳе ба тарафи ман ва гоҳе ба сўйи Валентина менигаристанд.
Валентина бо садои хастаи гиряомез гуфт:
– Аскари қаторӣ Иброҳимов Раҷаб тамоман шифо ёфтааст. Ўро ба фронт фиристед.
Аъзоёни комиссия ба ҳуҷҷатҳо бори дигар нигариста гуфтанд:
– Валентина Ивановна, шумо дар варақи беморӣ навиштед, ки ў маъюб аст ва ба чандин бемориҳои рўҳӣ гирифтор мебошад, ҳоло бошад, инкор мекунед, чаро?
Валентина бо ду даст чашмони аз ашк пуршудаашро пўшонда, гуфт:
– Бубахшед, ман хато кардам. Ў солим аст, ба сафи пеши фронт фиристед!
Раиси комиссия полковник Николай Максимович ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, фармон дода гуфт:
– Пагоҳ соати нўҳи субҳ маъюбонро ба ақибгоҳ ва солимонро тайёр карда ба фронт фиристед!
Шаб ақрабаки соат ба 12 наздик шуда буд. Ногаҳон дари ҳуҷра (палата) кушода шуд ва Валентина бо чашмони аз гиря варамида омада, ба болои кати ман нишаст. Дар аввал дергоҳ ба замин чашм дўхта ба фикр фурў рафт ва оҳиста халтачаеро ба сўям дароз карда гуфт:
– Маро бубахш, эй тоҷикбачаи нодонаки ман! Дар ин халта нони хушк (сухарӣ), консерва ва ҷўробу дастпўшакҳои пашмини дўхти худам аст. Шояд, ки дар муҳорибаҳои Лаҳистон (Полша) ба кор оядат.

пешина
аз 191
навбатӣ