ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Света ин ҳолати ўро дида, дар аввал қоҳ-қоҳ зада хандид ва сонӣ гуфт:
– Эй нодонаки ман, ў ҳоло дар маҳбас мебошад. Биё, ишқи ту, тоҷикбача, шаш моҳ аст, ки маро девона кардааст.
Дар як мижа задан Света худро ба Нормурод расонду ўро ба оғўш кашида, бўсаборон кард. Нормурод ҳарчанд мехост ўро аз худ дур кунад, аммо наметавонист.
Света, ки ба ваҷд омада буд, зорӣ карда гуфт:
– Эй ишқи ман, маро оғўш кун, оташи сўзони маро хомўш кун, ки сўхта хокистар мешавам!
Дар ин суханону бўсаҳои оташини яҳудидухтар рўҳи шаҳвонӣ, ки марказаш дил аст ва рўҳи ҳайвонӣ, ки ҷойгоҳаш майна аст, ба ҷунбиш омаданд. Дар охир рўҳи нафсонии Нормурод ба ақлу имонаш ғалаба кард... Дар ҳамин вақт садои калиди дар ба гўшашон расид. Қуфл кушода намешуд, зеро ки Света қуфлро кайҳо иваз карда буд. Касе аз берун бо садои ғафси раъдмонанд мегуфт:
– Света, дарро кушо! Натарс, ман Михоэл, аз маҳбас озод шуда омадам!
Светаю Нормуродро гўё балои осмонӣ зада буд, ки ногаҳон лабонашон лолу дасту пойҳояшон карахт шуда буданд. Онҳо маҷоли гап задан, аз ҳам дур шудан ва фирор карданро надоштанд. Занҷири оҳанини тарсу ваҳшат хонаи ишқу муҳаббатро сўхта буд, ки бозувони ошиқонро бо ҳам васл карда буд. Садои тақ-тақи дар баланд шудан мегирифт ва оҳанги аввала ба куллӣ тағйир ёфта, ғазаболудтар мешуд. Дар охир ў дарро бо пой зада таҳдидкунон мегуфт:
– Света, медонам, ки ту дар хона танҳо нестӣ! Садои шуморо гўш карда фаҳмидам! Агар дарро накушоӣ, бо табар шикаста медароям! Дарро кушо!
Нормуроди балозадаи дар миёни обу оташи сўзон монда, ба Света муроҷиат карда, бо садои ларзони гиряолуд гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё