Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих

ПЕШГУФТОР

Аксарияти дўстдорони каломи бадеъ ба асарҳои илмию таърихӣ ва ёддоштию бадеии манбаъҳои ахлоқию тарбиявидоштаи нависанда Муҳаммадрасули Иброҳимзода, аз ҷумла «Офтоби паси абрҳо», «Панди авлиё», «Гулчин аз тибби Мавлавӣ», «Моҷарои ишқи духтари курд» ва «Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз»-и ў шинос мебошанд.
Ҳоло боз китоби нави Муҳаммадрасули Иброҳимзода ба дасти хонанда мехўрад. Аз гуфти ў романи «Дар орзуи падар»-и Кароматуллоҳи Мирзо ба вай писанд афтода ва чанд бор гаштаву баргашта мутолиа намуда, ба хаёле афтода, ки дар пайравии он чизе нависад. Ба кор иқдом намудаву қиссаи «Васияти пеш аз марг»-ро таълиф кардааст. Онро агар касе бихонад, ҳис менамояд, ки нависанда дар ҳақиқат аз романи «Дар орзуи падар»
таассурот бардошта, пайравӣ ҳам кардааст. Хушҳолам, ки Муҳаммадрасули Иброҳимзода барин як соҳибқаламе, ки кайҳо ному эҷодаш ба хонанда маълум аст, ба навиштаҳои банда таваҷҷўҳи хоса дорад.
Дар романи «Дар орзуи падар» дарди оилавайронӣ, дарди аз навозишу меҳру муҳаббати волидайн маҳрум мондани фарзандон баён ёфтааст. Албатта, дар зиндагӣ дардҳо афзунанд, беҳисобанд. Беҳурматӣ, носипосӣ ба падару модар, бадрафтории ҷавонону наврасон, зўроварӣ, фасод, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, одамфурўшӣ... Азобу азиятҳои фарзандон, ки барои рўзгузаронӣ ба муҳоҷират мераванд, беҳуқуқӣ, таъқиб шудани онҳо, бештар ба нависанда таъсир оварда, дили адиб ба дард омада. Муҳаммадрасули Иброҳимзода табиб ҳам ҳаст. Аз дардҳое, ки ҳамватанони мо дар мусофират гирифтор мешаванд, хабар дорад. Онҳо ба зодгоҳ, ба хона баробари ризқу рўзӣ дардҳои бедаво ҳам меоранд.
Муаллиф ба воситаи ин асараш ба хонандагони закитабъ гуфтанӣ аст, ки эй ҳамватанон, ба гуфтаҳои Худову Пайғомбар (с) ва изҳороту насиҳатҳои падаронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намоед, ба қадри илму фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаамон бирасед, обу хок, марзу буми Ватани азизро, ки аз Сосониёну Сомониён, аз гузаштаҳои дур мерос мондааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоед...
Бале, мавзўъ аз рўйдодҳо дар зиндагӣ аз назари адиб зиёданд ва онҳоро ба қадри тавоноӣ ба риштаи тасвир мекашад. Аз ҷумла, дар китоби «Васияти пеш аз марг», ки манзури хонанда мегардад, дарду доғҳо бозгў шудаанд.
Бовар дорем, ки асари тозаэҷоди нависанда Муҳаммадрасули Иброҳимзода ба мисли бисёр навиштаҳои дигари вай, ки мухлисон пайдо кардаанд, ба хонанда писанд меафтад. Ба ў дар роҳи пурмашаққати эҷод, ки солҳо боз роҳии он аст, барор ва комёбии нав орзумандам.

Кароматуллоҳи Мирзо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

аз 191
навбатӣ