Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худованди карим низ дар Сураи “Балад” чунин як Ояти аҷиберо нозил
кардааст, ки ҷуз як мазмун, дорои маънои дигар ва мухталиф ҳам шуда
метавонад: “Алам наҷъал лаҳу ъайнайни?!”, яъне, “Оё наёфаридаем ба ӯ ду
чашмро?!” (Оё наёфаридем ӯро бо ду чашмони бино?!)

Албатта, инсон низ, зоҳиран, дар тани худ, дар сараш ду чашмони зебову зоҳирбин дорад, ки яке аз узвҳои идрок маҳсуб мешаванд, вале, Худованд низ, ва маҷозан, барои инсон “дигар чашмонро” ҳам офаридааст, ки якеаш – “чашми дил” аст, яъне, ақл, чизеро надида, дарку эҳсос мекунаду ботинбин аст.
Ва агар ин ду чашмон, яъне, чашмони сару чашми дил ба ҳам пайвасту аҳл бошанду як кор намоянд, пас, биниш ва фаҳмиш ва хулосаи ҳолу кор беҳтару мукаммалтар мешавад, вагарна, инсон дар ранги сабзи барг танҳо ранги зебои сабзро мебинаду бас, на ҷону на аҳволу на сиҳҳативу на чизи дигареро.

Баъдан, бояд ки ба ҳар як калимаи Қуръони карим ва ё ҳадиси набавӣ ҳушёрона, бо чашми дил нигарист, чун калимаи “рост” / “йумно, йамин, йаман” (ниг. “Балад” – “... асҳоб-ул-майманаҳ” (аҳли некбахтон) ва ё дар аҳодисе, ки бахшида ба “имони йаманӣ”) танҳо дар он ҳолатҳое мустафод шудаанд, ки сухан оид ба “росту бе хато” будани кору ҳол бошад.

Аз ин ҷост ва шояд ин калима дар асл мазмуни “ростбин”-ро доро бошад, ки дар ҳама кор танҳо ҷиҳати неки масъаларо мебинаду месанҷад. Албатта, Худованд боз беҳтар медонад!

……….

  1. Оид ба чанде аз масоили нозук, ба мисли дидани лиқои мубораки Худованди “латифун хабир” аз ҷониби Паёмбари акрам (с.а.в.) ва оид ба масоили нисбат додани коре ва ё гуфтае бар ӯ, ки аз масъулият ва ваколати дигар банда ва ё уммате нест.

Гар бувад холӣ зи бурҳон гуфтаат,
“... илло ман кона ҳудо...” чӣ гуфтанат?!
Чун бувад пок аз далоил баҳси ту,
Ҷадл бувад он, ҷадли он як тирарӯ.
Гар надорӣ ҳиҷ хабар аз кори мо,
“Мутлақо!”, пас, гуфтанат илло хато!
Гар надид чашму нагирӣ дасти дузд,
Дузд махон ӯро, ки дар он нест музд.
Аҷри ин як кори ту нест ҷуз гуноҳ,
Чун бувад нодида гуфтан - иштибоҳ!
З-аҳли тақво бошу даст бар ҷайб кун, Боварӣ бар гуфтааш дар ғайб кун.

пешина
аз 175
навбатӣ