Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Оид ба масоили нарасонидани зарар ба дигарон ва некӣ намудан, гарчи некӣ хурду ночиз ҳам бошад.

Ҳаҷм надорад некӣ, на теъдоду хулқ,
На сифат дорад, на манзил, на ки мулк.
На ки ӯ дорад авқоту шаҳид,
На ки ӯ муршид дорад, на мурид.
На ки шарт дорад ва ё вобастагӣ,
На назар дорад ба ҳоли хастагӣ...
Мутлақ аст он, ҳамчу фармон аз Мазид,
Гарчи амр шуд, пас, хилофҳоро кӣ дид?!
Гарчи хурд бошад ва ночиз, айб нест,
Некӣ бошад - он ҳамон аст! Райб нест.
Гарчи фойидаш кам бошад, ғам махӯр,
В-он дами ҷаҳду қарорашро мабур.
Гарчи хурд бошад, ҳамоно, хайр аст он,
На бадиву на дигар, на ғайр аст он.
Некӣ бошад, некӣ бошад, хайр бод!
На барад ӯро шамолу на ки бод.
Аз зарар худдорӣ кун, гар манфаъат
Аз ту бар атроф нахоҳад худ расад.
Гар иҷозат аз даҳон н-ояд бурун,
Даст зи манъи карданиҳош дур кун.
Шарти Ислом аст, ки дар роҳаш маист,
“Зарҳа”-ро дар ёд дору дур ист.
Бознадоштан соликонро суннат аст,
Вақт ғанимат, масрафи он миннат аст.
...

Аби Аюб ал-Ансорӣ ривоят мекунад, ки рӯзе шахсе ба назди Паёмбари акрам,
Муҳаммади мустафо (с.а.в.) омада, мегӯяд: “Ай Расулаллоҳ! Амалеро ба ман
нишон бидеҳ, ки ба василаи он дохили Биҳишт шавам”

Мардуми дар он маҷлис буда, албатта, асабонӣ мешаванд ва ба эҳсосот дода шуда, мегӯянд, ки ин мард чӣ мегӯяд ва чӣ мехоста бошад?! Оё ӯ намедонад, ки воситаҳои дохил гаштан ба Ҷаннат муайян аст? О, охир Худоро бипарастад, закоти молашро бидиҳад, намозҳоро барпо дорад..., ин ҳама маълум аст-ку?!

Паёмбар (с.а.в.), ки аз аҳволи он шахс бохабартар буд, пас, ба онҳо мегӯяд, ки ин мард ҳатман коре ва манзуре дорад.

Яъне, он мард хуб медонад он чизеро, ки гуфта истодаасту хоста истодааст, пас,
чунин ба он мард ҷавоб медиҳад: “Таъбудуллоҳа, ло тушрику биҳӣ шайъан,
ва туқиму-с-салота ва туъти-з-закота ва тасилу-р-раҳима. Зарҳа!”, яъне,
“Худоро парастиш кун, ҳеҷ анбозе ва ё шарикеро барои вай муқаррар мадеҳ
ва намози воҷибшударо ба ҷо ор ва закоти фарзшударо бипардоз ва
василаи раҳмро риъоя бикун. (Сипас, Паёмбар фармуд: агар кори дигар надошта бошӣ) Афсори шутурамро раҳо кун!”, яъне, он лаҷоми уштури манро раҳо бикун ва бигузор, ки ман роҳамро паймоям.

пешина
аз 175
навбатӣ