Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва оё ҳамин ҳолату кор нест нишонаи бовар надоштан ба Худову гуфтаҳояш?

Инсон бояд дарк кунад, ки хондани намоз мақсад дораду ҳадаф ва ҳадафи он на мадҳ асту балки ситоиши Худо ва талаби беҳтар намудани ҳолат аст ва беҳтар намудани ҳолат маҳз бо кору амал бояд исбот шуда бошад.

Аз ин лиҳоз, дӯстам, Ислом на танҳо бо забон иқрор намудан аст, балки бо дилу даст (амал) тасдиқ кардани он гуфтаҳост.

Мусалмон рангу бӯй надорад; Мусалмон нажоду миллат надорад; Мусалмон дини алоҳида надорад; Мусалмон китоби алоҳида надорад.... Мусалмон он аст, ки ба Худо бовар намуда, дар пайи беҳтар намудани ҳоли кор аст; Мусалмон он аст, ки мегӯяду мекунад, вагарна...

Вагарна, "... кабура мақтан индаллоҳи...", яъне, бисёр нописанд аст мақому манзалати ҳар он шахсе, ки "мегӯяду вале, намекунад" онро.

Мазмунан ин аст, ки вақте ки шаҳодат додему Исломро қабул кардем ва худро
"Алҳамдулиллоҳ! Ман мусалмонам" ҳисобидем, пас, бояд аз рӯи он амал кунем.

……….

  1. Оид ба масоили кардани неку бад ва тарзу усули ҳисобу китоби он аз ҷониби Худованди мутаъол, ки бо ин тарз, то чӣ андоза дӯст доштани махлуқони худро иброз мекунад.

Ту чӣ донӣ, ки Худованд то кадом
Мекунад андоза раҳм бар кулли ом?
Аз куҷо банда-ш бидонад, к-он карим
Бандаашро мекунад ҳифз аз Ҷаҳим?
Кай донӣ онеро, ки гуфт: Бикаш
Кордро бар гардану аз гарданаш?
Чун Халилро амр намуд бар забҳи син,
Теғро сад бор бигуфт: Даст каш зи ин!
Мо ҳамехостем бифаҳмем амри худ,
То ба кор ояд Халилро, ай ануд?
Қасди мо куштан набуд фарзанди ӯ,
Балки санҷиш мекунем мо, ай аду.
Он, ки таслим шуд ба фармон, хуш бувад,
Оқибат аз кори мо сархуш бувад.
В-он, ки дар амр маъниро надид, пас ӯ
Кӯр бувад аз кори мо дар ҷустуҷӯ.
Ин сухан охир надорад, қасди мо
Дигар асту пас шунав инро зи мо.
Ай Худоё, карда бад аз шаққу бим, Мо ситам кардем ба ҷонҳо, ай ҳаким.

пешина
аз 175
навбатӣ