Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо гадо будему нодор, ай фато,
Пас, чӣ суд аз “кашмакаш” бо ин Худо?
Пас, хиёнат аст ҷойи сабр арӯ,
Вою афғонҳо кунад в-он дод бар Ӯ.
“Лайса минно” он, ки зарб зад бар худуд,
Дар мусибат мӯй канад аз ин вуҷуд.
Ҳар кӣ меканд чоки ҷайбро дар танаш,
Зуд баранд бӯйи умедро аз бараш,
Ҳар кӣ даъво кард мисли ҷоҳилон,
Муттаҳам гардад дар рӯзи охирон.
Ҳар кӣ шукр кард дар мусибат з-аҳли боб,
Фориғу эмин гардад аз азоб.
...

Абдуллоҳ писари Масъуд (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “Лайса минно ман зараба-л-худуда ва шаққал-ҷуюба ва даъо би-даъво-л-ҷоҳилиййати”, яъне, касе, ки ҳангоми расидани бало ва мусибат ба сурати (андом, тан) худ (дасту мушту чӯбу чизи дигарро) бизанад ва гиребони пироҳанро пора кунад (яъне, либосҳояшро додзанон дарронад) ва ба шеваи даврони Ҷоҳилият ба гиряву зорӣ бипардозад, аз аҳли мо нест.

Бале, дӯстам, чун дар ривояти дигаре аз Абумусо (р.а.) омадааст, рӯзе вай сахт мариз мегардад ва аз бемадорӣ ва ранҷурӣ, сари худро дар бағали ҳамсараш мегузорад ва аз сухан бозмемонад.

Ҳамсараш аз ночорӣ ва ҷаҳолат ба гиряву зорӣ ва нолиш медарояд ва дар ин ҳангом аз нодонии худ ба миннату азо (озор додан; аз ин калима аст ибораи ҷойдории мо - “азо, азо гирифтан, азодор будан, ба азо рафтан, дар азо истодан ва ҳоказо; яъне, озурда будан”) гуфтан медарояд.

Абумусо ҳамаи ин суханони ҳамсарашро мешунавад, вале, аз бемадорӣ “...
йарудда ъалайҳо шайъан...”, яъне, чизе аз дасташ намеомад ва чизеро карда ҳам наметавонист.

Валекин, вақте ки дертар ба ҳушу гап даромад“... қола: ано бариъун мин ман бариъа минҳу Расулуллоҳ!”, яъне, бигуфт, ки ман аз он шахсе, ки Расулуллоҳ аз вай безор аст, безорам.

Ва ҳамоно чизе, ки Расули акрам фармуда буд ин буд: “Бариъа мина-лсалиқати ва-л-ҳалиқати ва-ш-шаққати”, яъне, безор бояд буд аз он, ки дар вақти мусибат ва бало гиряву зорӣ мекунанд, муштзанӣ бар андоми худ мекунанд, мӯйҳояшонро мекананд ва ё метарошанд ва либосҳояшонро медарронанд.

пешина
аз 175
навбатӣ