ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
– Бале, рибоъ, дӯстам, ин суди изофӣ, ки вомдиҳанда (қарздиҳанда) аз қарзгиранда талаб мекунад.
Яъне, бар замми маблағ ва ё амволи дигаре, ки ба қарзгиранда додааст, вай боз,
изофатан, аз вай суд талаб мекунад ва онро дар фоизи муайян аз қарзи додааш,
бар вай ҳисоб мекунад.
Якум ин, ки қарздиҳанда, пеш аз қарзро додан, бояд басо фикру таҳлил кунад, ки оё қарзгиранда метавонад ақаллан қарзи гирифтаашро пардохт карда тавонад ё не? Вагарна, аз эҳтимол дур нест, ки вай ҳатто онро ҳам наметавонад бозгардонад.
Вале, мутаассифона, имрӯзҳо ҳастанд бонкҳое, ки бидуни таҳлили дуруст ва комил ва эҳтимолият, омодаанд, ки бо сад баҳона ва рекломҳо қарзро диҳанд, чунки онҳо ҳам “зиндагонӣ” доранд ва ширкаташон бояд кор кунаду мол дучанд гардад.
Яъне, ғарази ин навъи бонкҳо, аслан, на кумак барои рушди иқтисодии инсон, балки барои ба даст овардани фойидаи дучанд равона шудааст. Кош, агар ин мақсад ғараз намедошт ва дар асл аз рӯи низоми башарӣ мебуд.
Ва ё ҳастанд он ашхосе, ки маҳз аз чунин кори қарздиҳиву қарзчинӣ асбоби айши худро оростаанд, яъне, судхӯранд ва мисли он як “Қори Исмат”-е аз асари устод Садриддини Айнӣ ҳастанд, ки ин ҳам хато асту ҳаром. Яъне, ин тоифа мардум низ “аз пул пул ба даст оварданиянд” ва ё фиребгару қаллобанд.
Дувум он, ки қарздиҳанда бояд дарк кунад, ки қарзгиранда маҷбур аст, ки аз вай қарз талаб кунад. Вагарна шахсе нест, ки бидуни эҳтиёҷ ва маҷбурӣ сари худро назди қарздиҳанда паст карда бошад. Мо мутмаинем, ки агар инсон эҳтиёҷ бар мол намедошт, ӯ ҳеҷ гоҳ сари дафтари бонкҳо ва ё бар дари судхӯр ҳалқа намезад.
Мутаассифона, имрӯзҳо ҳастанд тоифае, ки бидуни қудрату тавоноии хеш қарз мегиранд, то ягон кори шубҳаноки худро ба итмом расонанд.
Бале, дӯстам, ҷаҳон аз чунин ашхоси “корчаллон” кам нест. Қарзро бо эҳтимоли суд ба даст овардан мегиранд, вале баъди он, ки кор омад накард (чунки, аз сар, ин кор хом буд), пас, қарздор мемонанду овораи “хонафурӯшӣ” ва ё ягон макри дигар мегарданд.
Пас, чӣ бояд кард? Оё қарз додан ҳаром аст?
- На, мо чунин нагуфтаем! Мо, аслан, оид ба рибоъ, яъне, суди изофӣ аз он қарзи дода ва гирифтану хӯрдани он, чун мояи ҳаром сухан гуфта истодаем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё