ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бале, дӯстам, мақоми волидайн хело ва хело олӣ (баланд) аст.
Дар Оёти қуръонӣ, гар мушоҳада карда бошӣ, мақом ва манзалат ва ҷойи волидайн, агар Худованд аз ҳама олитар бошад, пас, онҳо дар ҷойи дувум меистанд ва ягона “минбаре”, ки байни “воъиз” (Худованд; гӯянда) ва “мардум” (шунаванда) ҷой дода шудааст, ин албатта, паёмбаронанд, ки ҳамчу минбар барои расонидани паёми Худованд бар бандагонаш маҳсуб шудаанд.
Пас бояд донист, ки Худованди карим ба инсон чунин васият (тавсия, фармон,
амр) кардааст: “Ва вассайна-л-инсона би-волидайҳи эҳсонан...”, яъне, “Ва
васият намудем бар инсон, то ки бар падару модараш некӣ намояд...” ва
дар давоми ин Оят чунин омадааст: “... ва ло тақуллаҳумо уффин ва ло
танҳарҳумо...”, яъне, “... ва магӯ бар онҳо, ки безор шудаӣ (аз онҳо) ва
маранҷон онҳоро...”
Акси ин кор, инсон бояд ҳамеша нисбати онҳо чунин дуъои қуръонӣ бикунад:
“Раббирҳамҳумо камо раббайнӣ сағиран!”, яъне, “Худоё! Раҳм бикун бар онҳо (бар волидайнам) ҳамчунон, ки раҳм карда буданд онҳо бар ман дар овони кӯдакиам”.
Пас, ин ҳама сирати эҳсонӣ, яъне, муомилаи некро бар онҳо арзонӣ бояд дошт, поси хотири онҳоро бояд кард, эҳтиромашонро, хоҳ дар вақти зинда буданашон ва хоҳ баъди сарашон, ҳамеша дар ҷой бояд монд.
Ва ҳеҷ гоҳ аз хотират мабарор, дӯстам, ки чи тавр ту имрӯз нисбати онҳо рафтор мекунӣ, ҳатман, паси фардо аз фарзандонат мебиниву халос. Ин дунё ҳамин аст:
Кунанда кашанда аст!
Бояд инро низ дарк кард, ки волидайн аз неъматҳои беҳтарини Худованди бахшанда маҳсуб мегарданд ва он, ки ин неъмати бебаҳоро пеши по мекунад, ҳатман хору залил дар ду саро мегардад ва аз душмани ашаддии Худованди қоҳир маҳсуб мешавад.
……….
- Оид ба масоили “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира ва оид ба он, ки уқуқи волидайн, яъне, азият додани падару модар аз гуноҳони кабира маҳсуб мешавад, ки мутлақо, бо ширк овардан ба Худованди воҳид баробар будааст.
Чун зи Абдиллоҳу аз пурсиши ӯ,
Мо каме пештар намудем гуфтугӯ,
З-ин пасе мо аз Анас орем ҳадис,
То шавад комил зи он расм, ай раъис.
Мутлақо, аз амри Ҳақ аст некӣ бар
Волидайну мардумаш бар аҳли даҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё