Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кам гӯю кам хусбу кам хӯр,
Варна, ояд ҳол бо душман зӯр.
Манзури мо ин наяст, бори дигар,
Гар Худо хоҳад, диҳем аз он хабар.
Мо зи росту қавли рост хостем ҳарф,
Гуфта бошем аз навиди он жарф.
Аз яке асмои ҳуснои Худо,
Ҳақ бошад, бемуҳобо, ай фато.
Чун бувад Ӯ-Ҳақ, ҳақиқатгӯст Ӯ,
Ҳақпарасту ҳақталаб, ҳақҷӯст Ӯ.
Гарчи Одам нест зи зоти он карим,
Ҷуста бошад ин хислат дар раҳим.
В-он агар Одам надорад з-ин каме,
Ҳайф бошад номи ӯ чун Одаме.
Ҷойнишини Ӯ дар рӯи замин,
Одам аст, - гуфт он рабби-л-ъоламин.
Ҷойнишинӣ аз сифот бояд ки ранг,
Дошта бошад, пас, диҳад аз он диранг.
Гар мабошад з-он сифот на рангу бӯй,
Сап-сапед бе ранг бошад мурдарӯй.
Ранги сурх ранги ҳаёву шарм аст,
Табъи он хушу дар ин кор нарм аст.
Ранги хун нест ранги сурхи рӯй ту,
Ранги шарм асту ҳаё, ай сурхҷӯ.
Ин сухан охир надорад, кам кунам,
Аз ҳадис ин ҷо ҳадисе зам кунам.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Паёмбари арҷманди мо, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “... аҳаббу-л-ҳадиси илаййа асдақуҳу”, яъне, “...
беҳтарин сухан назди ман сухани рост аст”.

Бале, дӯстам, рост мегӯянд, ки сухани ростро завол нест ва ҳақиқат ҳамеша рӯи об асту ҷорист, чун нигаҳдоранда, пешбаранда ва зоҳирану ботинан ҷонибдори ҳақиқат Худованди карим аст, ки яке аз номҳои зебову нишондори Ӯ, - Ҳақ аст.

Ва чун мо “... ҷоъилун фи-л-арзи халифатин”, яъне, фиристодаи Ӯ дар рӯи замин ҳамчу ҷойнишин бошем, пас, мо бояд каме бошад ҳам аз он сифоти волои Худованд дар худ дошта бошем, вагарна мо асолати одамии худро ва он умеди дар мо вогузоштаи Худовандро иҷро накардаем, ки шармандагист ва аз ин буданӣ, чун мегӯянд, набуданӣ беҳтар дониста мешавад.

……….

пешина
аз 175
навбатӣ