ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Аз Яман то Шому ин ҷо аз Ҳалаб,
Номи некаш зуд меомад ба лаб.
Мардум бар ҳукмаш чу қоил гашта буд,
Назди вай мерафт чу бар адл ташна буд.
Қозиён буданд зиёд дар деҳаҳо,
Лек Сулаймон буд дар андешаҳо.
На ғазаб мекард, на мегуфт “... хеши ман”
На малак мегуфт ва ё ки Аҳриман.
Қонуни осмон барояш шуд қавӣ,
Пеши қонун з-он замон, кулл муставӣ.
Ман чӣ гӯям боз?! Ҳамин аст нақли мо,
Гар ғалат кардам, бубахшад он Худо.
Дар радифи ин сухан, бишнав ҳадис,
Ончи омад аз даҳони он анис:
...
Абӣ Бакрата (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) боре чунин фармуд: “... ло йаҳкуму аҳадин байна-снайни ва ҳува ғазбану ”, яъне, “... ҳеҷ кас дар ҳолати хашм (ғазаб) миёни ду нафар доварӣ накунад”.
Албатта, дӯстам, ин ҳадис аз номи писари Абӣ Бакрата, яъне, Абдирраҳмон нақл шудааст, ки вақте ки падараш (Абӣ Бакрата) ба Убайдиллоҳ, ки қозии Сиистон буд ва низ писари Абӣ Бакрата маҳсуб мегашт, навишта будааст, ки дар он ин ҳадисеро, ки бо гӯши худ аз даҳони он Ҳазрат (с.а.в.) шунида буд, ҳамчу насиҳат ба писараш карда будааст ва он номаро фиристода будааст.
Бале, дар умури қазовати ҳукм, қозӣ ва чун аз ҳадиси зайл бармеояд, ҳар шахс бояд ки муставӣ, яъне, баробар бошад ва дар паёми ҳукм, қонуни волоро муқаддас дониста, аз рӯи адлу инсоф ва муназзаҳ аз кину адоват ва хашм ҳукмро ба анҷом расонад.
……….
- Оид ба масоили боз ҳам қасам хӯрдан ва истисно.
Чун қасам ёд мекунӣ бо номи Ҳақ,
Ёфта бош аз шарти он аз ин дарак,
Гар бувад ҷоиз, вале дар хӯрданаш,
Эҳтимол гардад шуду ношуданаш.
Бишканад савганд бидуни хости Ӯ,
Гарчи ногуфтӣ “Худо хоҳад!” дар ӯ.
Гар бихоҳӣ ту, ки гардад он фаъол,
Пас “Худо хоҳад!” бигӯ дар он ҳол.
Гар магӯӣ эҳтимолаш кам шавад, Шодӣ бигрезад зи чашму нам шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё