ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ва ин ҳам дар асоси оятҳои муборакаи Қуръони карим аст, ки ҷойе Худованд ҷосусиву айбҷӯиро бо “хӯрдани гӯшти бародари мурда” баробар мекунад ва ё чун фармуда “... вайлун ли-кулли ҳумазатин лумазатин”, яъне, вой бар тамоми он мардум, ки айбҷӯиву ғайбату бадсуханӣ мекунанд, хондааст.
Возеҳ аст, ки ягон инсон, чун дар урфият низ мегӯянд, “бе айб” набошад ва ин камбудӣ дар ҳама ҳаст, вале адад кардани он ва пеши дигарон онро “таҳлилу хулоса” намудан, аз кори мусалмон нест, ки ҳидояту мағфирати он, чун дар оёт фармуда “... инно ъалайно ла-л-ҳудо” ва “... йағфиру-з-зунуба ҷамиъан”, яъне, ҳамаи он дар дасти Худованди “... ъаллому-л-ғуюб” (яъне, донандаи ҳамаи ғайбҳо) ва “ар-раҳмону раҳим” (яъне, меҳрубону бахшоянда) аст.
Дигар он ки ҷосусӣ намудан аз анвоъи ғайбат аст, ки агар ғайбат намудан, аксари вақт ба воситаи суханчиниву айбҷӯиву гуфтан баробар бошад, пас, ҷосусӣ ин ҳамон айбҷӯӣ тавассути амал аст, яъне, аз ақиби шахсе аз кори вай пайгирӣ намуда, айбчинӣ намудан аст.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили тарҷеҳ надодан байни анбиё ва ё масоили дидан “бо як чашм”.
Буд мардеро чу фарзанд чор нафар,
Чор нафар, ки зода шуданд з-он камар.
З-ин зиёд теъдод машуд ӯро дигар,
В-ин нафар хубтар буданд аз якдигар.
Ҳамчу Ёъқуб дӯст медошт ӯ яке,
Фарқ мекард, лек “Юсуф”-ро андаке.
З-ин чунин як ӯ муҳаббат, пас хато
Карду гашт аз “Юсуф”-аш дертар ҷудо.
Меҳр, ки шуд изҳор якеро, дигарон
Бенасиб маҳсуб шуданд чун маҳрумон.
Аз ҳасад дар сина пур шуд кинае,
Рӯи об шуд чарбуи деринае.
Аз ҳасад деги диле ҷӯшад сиёҳ,
Талх гардад з-ин чунин ҷӯшиш гиёҳ.
Заҳр гардад хӯриш андар косае,
Даҳр гардад тангу як бехоссае.
Қисса кӯтаҳ, аз ҳасад омад чу қасд
Хун занад бар дидаву бар чашми маст.
Теғ занад бар гардану буррад раге,
Пой газад ӯ зиндадилро чун саге.
Чунки хашм ҳамчу ҳиҷоб чашмаш гирифт,
З-он ки ақл бечашм бимонду гашт шигифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё