Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили айби дигаронро ҷустану ҷосусӣ намудан.

Вой бар аҳволи ҳар кас, гарчи айб
Ҷӯяд ӯ дар дар дигарон дар ҳоли ғайб.
Чун надонад вай зи асли ҳоли ӯ,
Мар нашояд ҳарф занад дар моли ӯ.
Гар надонӣ чист даруни ин дилам,
Пас, мазан неши халаф бар синаам.
Ин дили ман асту донам сирри он
В-он Худо, ки гӯянд ӯ буд меҳрубон.
Айб дар ман аст донам чист сабаб
В-он Худо, ки дода онро бо сабаб.
Бе сабаб шохи дарахт машкаст фуруд,
Бе сабаб ин сар марафт андар суҷуд.
Бе сабаб дасти дуъо боло нашуд,
Бе сабаб луч лоиқи коло нашуд.
Даст бувад андар паси ҳар айби мо,
Бошад в-он ҳам дар пасаш дасти Худо.
Кӯру кар гуфтан магир, дон, марди кӯр
Беҳ бувад аз мурдадилу аҳли гӯр.
Ӯ надид номаҳрамонро гирди худ,
Дил мабаст бар моли дунё чун ҷуҳуд.
Дидаи ӯ дидаи дил асту бин
Бинад ӯ бас ноаёнро чун мубин.
Кар магӯ карро, ки ӯ аз лафзи бад,
Дур бувад имрӯзу фардову абад.
Нашнавад ӯ таҳқиру душноми ом,
Бишнавад танҳо садои хуб мудом.
Нашнавад ӯ гарчи бо гӯши сараш,
Бишнавад бо гӯши дил дар синааш.
Инчунин амсоли ҳолот бас бувад,
Хоҷа, лек, ин ҷо суханро бас кунад.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло таҳассасу ва ло таҷассасу”, яъне, дӯстам, “... ба дунболи уюби дигарон набошед ва ҷосусӣ накунед”.

Боз ҳам возеҳтар бошад, дӯстам, мусалмони комил бояд аз ҷустани айбҳои дигарон ва аз ақиби эшон ҷосусӣ кардан даст кашад.

пешина
аз 131
навбатӣ