Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар шавад илм бо корат ёру сил,
Ҳосили корат бигардад хости дил.
Варна дастонат кунанд кори дигар,
На ки хости дил, бибин, к-он буд дигар.
Рост н-ояд хости дил бо хости даст,
Аз чунин аҳволи кор бояд биҷаст.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
хузу мина-л-аъмоли мо тутиқуна”, яъне, дӯстам, “... он чи, ки метавонед,
анҷом диҳед”.

Чӣ қадар зебо гуфта Паёмбари акрам (с.а.в.), ки чун мардум замзама мекунанд:
“Зӯри беҳуда миёншикан аст...” ва ё ибора-ишораест “... атола дандон шиканад”.

Тарафи дигари ин гуфтаҳо дар он мастур аст, ки инсон бояд ҳамоно он чиро анҷом диҳад, ки ба кардани он ҳавлу қуввате ва қудрате дошта бошад ва илми кофӣ, вагарна ин олам ким-кайҳо аз муқаллидони вонамо, ки ба истилоҳи илмӣ “делитант” муайян шудаанд, пур шудааст, ки оқибат ва маҳсули корашон ҷуз зиён ба худ ва атроф нест дигар.

Маъниро барчида аз асли гуфтаи Худованди доно, ки “... фаззало баъзукум ъало баъзин”, яъне, “... фазл додааст баъзеро бар баъзе” аст, на мазмуни касе бартар аз касест дар тавозуни ризқу адолатро дорад, балки касбу маҳоратро каму беш ва зароъа ҳар гунаву мухталиф сохтааст, ки як инсонро донистану кардани он малол ояд ва аҳли мутақассимаро, - осон ва барои ҳалли ҳадафи таъоруф, яъне, бо ҳам дидану бо ҳам карданро ва ба ин тавассут, қадре бошад ҳам, ба якдигар муқаррабу азиз гаштанро пиёда сохтааст.

Бузург аст Худованди донанда ва албатта, беҳтар ва бештар медонад ҳама корро!

……….

  1. Оид ба масоили додани садақа ва шартҳои мутлақи он.

Гарчи медҳӣ хок ҳам аз он дигар,
Ёд макун, ай дӯсти ман, аз он гузар.
Некӣ кардӣ, пас бияндоз вай бар об
Ёд мабар аз он дигар дар назди боб.
Ё макун миннат ва ё оз, чунки, пас
Ҳеҷ шавад андар назар он мисли хас.
Ҳамчу нақшест рӯи санг аз чанги по,
Зуд ба борон шуста гардад зери по.

пешина
аз 131
навбатӣ