Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ҳалолу аз ҳаром дорад яқин,
Илму ҳам рафтори яклухт он матин.
Гар надорад ӯ ҳаёро дӯсти худ,
Бас инод орад ба ҷонаш он ануд.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ал-ҳаёъу ло йаътӣ илло би-хайрин”, яъне, дӯстам, “... ҳаё чизе ҷуз хубӣ ба армуғон намеоварад”.

Ҳаё, дӯстам аз имон асту аз аввалин моя ва рукни пурқудрати ӯст. То ҳаё набошад, имон мустаҳкам нест ва то имон мустаҳкам нагардад, амал хом асту мақсад норасида ва сайде аз даст рафта.

Ҳаё аз нишонаи тақвост, ки инсонро аз кардани ин ва ё он кори ҳаром ва ё макруҳшуда ва ё нописанди ҳамагону Худованди карим аст, боз медорад, вале шахси беҳаё он девори нафис мастуршударо намебинад ва ҳадди онро на эътирофу на эҳтиром мекунад, чунки, кибре, ки дар унуқи эшон печида, ӯро кӯру гунгу кару нотарс мекунад ва ӯ қодир аст, ки ҳар чи нафсаш гуфт, ҳамоно онро иҷро намояд.

Ҳаё аз нишонаи инсон будани мост, ки моро водор мекунад, ки чашмонро аз номаҳрамон боз дорем, либосро, чун дар Қуръон фармуда, нек донем, суханро мулоим намоем ва рафторро бидуни зарар ба худ ва дигарон пиёда гардонем.

З-ин сабаб ва дар замми шарҳи баъзе аз Оёти карима ва ин ҳадиси набавӣ, ҳаё беҳтарин нишондиҳанда ва амал аст, ки корро ба некӣ таммат мебахшаду аз он, ҷуз некӣ, дигар чизе намеояд.

Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили анҷом додани маҳз ҳамон коре, ки дар он илму қудрату таҷриба дошта бошӣ.

Зӯри беҳуда мазан, машкан миён,
К-ин ҷиҳод хому ахир орад зиён.
Гар надорӣ илми кофӣ, хап кун,
Гӯш бияндоз, бош ором, сабт кун.
То надорӣ ту калид бар қуфли дар,
Ҳар калидро маҷбуран бар он мабар.
Ё калид ту бишканӣ ё қуфли он,
Як дардро даҳ кунӣ андар миён.
Беҳ он бошад, ки аввал дарс кунӣ, Он чиро дониста бо он васл кунӣ.

пешина
аз 131
навбатӣ