Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яъне, дӯстам, шахси Худотарс, ки ба парҳез даст мебарад ва нафси худро идора мекунад ва амри нафси худро намебардорад, пас, Худованд ӯро дар Ҷаннаташ ҷой медиҳад вагарна, нафс аммораи вай хоҳад гашту ҷонро ӯ бой хоҳад дод.

Ва чун Паёмбар (с.а.в.) фармуда, ана ҳамон ҳавои нафсонии мо ба худ хос ҳиҷобе дорад, ки дар асл, андарунаш оташи Дӯзах маҳфуз аст, ки охир метавонад инсонро бо оташи дӯзахии худ бисӯзонад.

Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили савганди дурӯғ хӯрдан дар вақти фурӯши мол ба дигаре.

Он ки такзиб мекунад дар роҳи рост,
Бемуҳобо, ӯ адӯи, дон, Худост.
Гарчи фикраш ғолиб аст дар макри худ,
Акси ҳол аст, мағрур аст дар он ануд.
Ҳар чи мекард, бо худаш мекард, бибин,
Ҳукми худро мебаровард он лаъин.
Оқибат аз дасти худ гашт ӯ ҳалок,
З-инчун кораш чӣ суду чист бок?!
Рӯзе аз рӯзҳо ғалатнашре китоб,
Тоҷире дар суқ фурӯхт бар аҳли боб.
Хӯрда савганд гӯиё дар шаҳри Шом,
Мунташир гашт, баста шуд ҳамчу калом.
Ҳарфи онро бо қалам аз най рақам,
Карда буданд дар Димишқ он аҳли фаҳм.
Найқаламро аз найистон, назди Нил,
Канда буданд, бетакаллуф, аҳли пил.
Ранги он дар коргаҳи Деҳлӣ давод,
Рехта шуд аз ҳиндуён дар зери бод.
Саҳфаҳои нозукашро з-ин диёр,
Дар Самарқанд бофта буданд зери дор.
Хулласи гап, хӯрда савганд бо дурӯғ,
Ҷои хоросанг фурӯхт бар вай кулӯх.
Лек надонист ӯ, ки он як муштарӣ
Буд мударрис дар фунуни иштарӣ.
Дарс медод аз ҳисоб дар мадраса,
Буд муаллими ҳисобу ҳандаса.
Дар ҳамон ҷомеъ ҳаме мехонд писар,
Ки обош буд тоҷире дар он шаҳар.
Он ҳамон тоҷир, ки байъ кард бо дурӯғ,
В-он ҳаме, ки ҷои санг мефрӯхт кулӯх.
Қисса кӯтаҳ, чун ғалат буд дастураш, Пас, ғалат омад қазои муздураш.

пешина
аз 131
навбатӣ