ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили ҳиҷоб доштани ҳавоҳои нафсонӣ, ки андарунаш оташе мавҷуд аст.
Дар ҳиҷоби он ҳавои ин нафас,
Оташи сӯзон, бибин, гаштаст қафас.
Мисли тӯтӣ гар гушоӣ ту дараш,
Параду ояд бурун бо нафс, - адаш.
Ҳамчу саг гар канда вай занҷир, малол
Мебиёрад дар канор дур аз ҳалол.
Ҳамлаҳо орад ба қасди ҷон, лаъин,
Мегазад аз дасту по он аҳли кин.
То маёяд соҳибаш занҷир варо,
Кас натонад баркашад он кандаро.
З-ин сабаб нафсу ҳаворо соҳибем,
То тавонем занҷире бар вай кашем.
Гар натонем мо, натонад ҳеҷ кас
Нафси моро гашта орад бар қафас.
Мисли обем, чунки оташ з-оби мо
Меҳаросад, бетакаллуф, ҳар ҳаво.
Сабру тоқат в-он таҳаммул қамчин аст,
В-ин гурӯҳ дар он назар з-аҳли дин аст.
Маъвие гардад, шунав, Ҷаннат ба ҳар
Кас, ки тонад аз нафас орад гузар.
Ин бувад маънӣ аз Оят дар мақом,
Кас, ки тарсад аз Худояш, ва-с-салом!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ҳуҷибат ан-нору би аш-шаҳавот”, яъне, дӯстам, “... Оташ дар ҳиҷоби ҳавоҳои нафсонӣ аст”.
Оҳ, чӣ қадар зебову пурмаънист гуфтаҳои Паёмбари акрам (с.а.в.), ки оид ба шаҳавот, яъне, дархости зиёдаи нафс талқин шуда, ки аз ин меъёр зиёда низ мавҷуд нест.
Дар Сураи “Нозиъот” Худованди меҳрбон фармуда: “... ва аммо ман хафа мақома раббиҳӣ ва наҳа-н-нафса ъани-л-ҳаво. Фаинна-л-Ҷанната ҳийа-лмаъво”, яъне, “... ва аммо он касе, ки аз бозистодан дар назди Худованд метарсад ва нафси худро боз медорад, пас, ҳар ойина Биҳишт ҳамоност ҷойи ӯ”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё