ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Бибин, дӯстам, чӣ қадар зебо гуфта, ки инсон бояд аз моли ҳалол ба даст омадаи худ бояд ки нафақа кунад, яъне, аз он ба дигарон низ бидиҳад ва ҳеҷ гоҳ онро (яъне, қисме, шояд, аз зиёдаи он) назди худ нигаҳ надорад, то ки Худованд низ он моли доданиро ба вай, дар оянда, дар назди худ нигаҳ аз ӯ мадорад.
Фалсафаи гардиши мол ва ё ризқ, дӯстам, ин аст, ки ҳалол гаштани ҳар мол аз додании он вобаста аст, чун мисол дар Ояти карима омадааст: “... йаътӣ молаҳу, йатазакко”, яъне, касе, ки моли худро (ва ё қисме аз моли худ ба дигарон, дар роҳи Худованди ъазза ва ҷалла) медиҳад, пок мегардад, яъне, луқмааш ҳалолу гуноҳонаш пок мегарданд.
Вале чун аз маъниҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва китобҳои шариъативу панду ахлоқӣ бармеояд, касе ки чизи зиёдаро, ки дар асл лавозимаш нест, аз худ ба дигарон намедиҳад, пас, Худованд низ ризқи ӯро қадар, яъне, кам мекунад ва ба вай онро ба пуррагӣ намедиҳад.
Мо бояд як чизро, дӯстам, хубтар дарк кунем, ки Худованд ризқро каму беш намудааст ва ба касе зиёдтару ба каси дигар камтар медиҳад ва дар он асроре мавҷуд аст, ки ақли кӯтаҳи мо онро намегирад. Ва ба он касе, ки ризқи бештар дар ин ва ё он неъмат додааст, ӯро вазифадор кардааст, ки онро бо ҳам, бо дигарон бинад ва агар касе аз кардани ин кор даст кашад, ба мисли он аст, ки аз хидмати тақсим намудани ризқи Худованд ба бандагонаш даст кашидааст ва агар ин шарт дуруст бошад, пас, чаро Худованд ба вай ризқро зиёда аз лозимааш бояд диҳад?
Мо бояд, дӯстам, чун банда ва “ҷойнишини” Худованд дар рӯи замин, ваколат дода шудаем, ки ин корҳоро аз ҷониби Худованд иҷро намоем, вагарна, агар мо аз адои ин вазифаҳо баромада натавонем ва ё даст кашем, пас, чӣ тавр мо дар назди Ӯ аз коршоямии худ, аз бандагии худ, аз тобеъияти худ исбот хоҳем кард?
Дигар он аст, ки садақа намудан ва ё чун дар ин ҷо тавзеҳ шуд, инфоқ намудан аз моли худ, на танҳо мазмуни додан аз амволи манқул, балки аз ғайри онро низ дорад.
Мисол, Худованд илмро низ каму беш намудааст ва он, ки бештар аз ин фазл баҳраманд шуд, ҳатман, бояд аз ин мол низ ба дигарон инфоқ кунад, то ки дигарон низ аз он фазли Худованди карим баҳраманд шаванд, Худоро шукр кунанд, аз Ӯ розӣ гарданд ва дили онҳо нарму имони онҳо ба Худованд мустаҳкамтар гардад.
Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили дӯст доштани “динору дирҳам”, яъне, пулпарастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё