ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Оид ба масоили навҳа болои маййит ва носавоб будани он.
Мо ҳама аз ӯву Ӯ аз они мост,
Хоку ҷоне андар он, дон, аз Худост.
Ҷон бувад вому дар он шартест, ки чун
Вақт шавад воҷиб, ҷудо гардад зи хун.
Тан равад зери замину хок шавад,
Хок чу ҳамҷинс аст, бо ӯ чок шавад.
Пас, бидон, ки гӯшту пӯст аз они хок,
В-ар бигирад ҳаққи худ, аз ӯ чӣ бок?!
Вақт чу шуд воҷиб, ҳама боло раванд,
Дил зи молу ҷон зи тан, аз хок кананд.
Гарчи гӯем “... вайлато, қаддамту...”, лек
Дон, нагардем зинда дубора чу нек.
Ин ҳаёт боре шавад муътии мо,
Шарт бувад баргаштанӣ сӯи Худо.
З-ин ки он аст ногузир, навҳа чӣ суд?!
Ин ҳама хокпошиҳо бар сар чӣ буд?!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ал-маййиту йуъаззабу фӣ қабриҳӣ бимо ниҳо ъалайҳи”, яъне, дӯстам, “...
мурда дар қабр ба сабаби навҳайе, ки бар ӯ хонда мешавад, азоб дода мешавад” (албатта, ба ин кор агар васийат карда бошад!)
Бале, дуруст мегӯянд, ки “Худо доду Худо гирифт...”, ки мо ҳама “... ли-л-лоҳи ва илайҳи роҷиъун”, ба дунё меоему бояд ки равем, чун ин ҳама мавъуду ногузир аст. Ҷони мо амонати Худованди молик аст, ки вақти омадан ҳамчу вом бароямон ато шуда, бояд вақти муайян (“... аҷалун мусаммо”), боз гардонида доданамон шарт аст ва аз ин ҷои гурез нест.
Пас, агар рафтан ногузир бошад, чаро баъзан, мардум ҷоҳилона ва ҷаҳлона, навҳаи зиёде мебардоранд, “рӯйкашиву мӯйкашӣ” мекунанд, ҷомадарронӣ мекунанд? Оё ин маломат ба Худованду норизо будан аз иҷро намудани шарти аҳдномае, ки байни ҷону Худованд имзо шуда буд, нест? Оё ин норизо будан аз тақдир нест?
Аз хотир набояд баровард, ки чун дар ин ҳадис гуфта: мурдаро дар қабраш барои он ки барояш навҳаву нолаҳои беадабона карданд, азоб хоҳанд дод, магарам, худаш ба ин кор ҳидояту насиҳат карда бошад (яъне, гуфта бошад, ки барояш чунин корро кунанд).
Албатта, дар ин ҷо бояд қайд кард, ки нола бо овози паст, бемалол ба гӯшҳои дигарон, бе хавфу воҳима барои дигарон ва аҳён-аҳён карда, бе зарар ба андому либос намуда, - ҷои бадӣ надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё