ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷанги онон кам нашуд аз муштзанӣ,
Қасд карданд якдигарро куштанӣ.
Вопасо, он як дигар-шро корд зад,
Пеш аз мурдан, ғалтиду пас, дод зад.
Қабл аз ҷонаш баромад ин шуҷоъ,
Парт теғи худ намуду кушт варо.
Ҳар ду мурданд ҷо ба ҷо дар ин набард,
Пас, бигӯ, ай дӯст, з-ин кор бурд кӣ кард?
Ин замон шоҳид, чу буд мухбир зи кор,
Ҳоли кору аз адолат гуфт: Чӣ кор?
Ин, ки мурда зарби корд хӯрд, ӯ шаҳид
Ё ки он, ки зад аввал ӯ шаҳид?
Ин замон чу дид, ки Аҳмад даррасид,
Сӯйи ӯ бо сад суолаш сахт давид.
Пурсид ӯ: З-ин ду, кӣ Ҷаннатро расад,
Он ки аввал кушта шуд ё ин ҷасад?
Гуфт Паёмбар: На! Ягон з-ин куштагон,
Рӯи Ҷаннатро мабинанд, оҳ, чи сон!
Гар намекушт ин яке аввал, дигар
Мекушт ӯро, хоҳ на хоҳ... Охир нигар!
Қасди онон – куштани ҳамдигарист,
Ин сифат – ҳайвонӣ аст, на одамист!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман ъалайно силоҳан, фа-лайса минно”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас, алайҳи (бар зидди) мо аслиҳа бардорад, аз мо нест”.
Бале, дӯстам, дар муқоиса бо гуфтаи Александр Невский “Кто с мечом к нам придёт, от меча и погибнет!”, ки дар асари бадеии С. Эйзенштейн дарҷ шудаасту торихи ҳамагӣ беш аз ҳафтсадсола дорад, Паёмбари акрам (с.а.в.) ин гуфтаро ба тарзи муносиби сулҳофаранда ва огаҳкунанда дар иддаи даври ҷадиди асри шаш, гуфта буд ва бибинед, чи қадар фарқияте дар ин гуфтаҳо?!
Яке “аз мо нест” мегӯяду дигаре “мақтул хоҳад гашт” гуфта!
Чизи дигаре, ки дар ин ҷо муносиб шудааст – оид ба масоили аҳлият ва ҷамъиятӣ, ҳаммаслакиву ҳамсадоист, ки даъват ба ину он аён аст. Яъне, умматони Паёмбари акрам (с.а.в.) набояд аз “аҳли ғозиёну зиёнкор ва аҳли яроқу силоҳ” бошанд. Акси ин ҳол, даъват, чун дар Қуръони карим низ шуда “...
ас-сулҳу хайрун”, яъне, “сулҳ нек аст” ва ё дигар оёти карима, ки даъват ба сулҳу субот, ба амну бехатарӣ, ба баробарӣ байни имоновардагон ва ҳоказо равона шудааст.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё