Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳам намеёбам. Ҳамеша аз пушти шумоҳо саргардон, сарам аз кор боло не.
— Бас кун, бо кӯдакӣ худат ҳам манша мекунӣ ту, даҳонат гарм шавад, ба халосгар зор мешавем. Сағи соябин, соя дидӣ.
— Вай Шаҳноз артист, ҷои кораш дигар, ман барин не...
Бо «Шаҳноз хушрӯ» гуфтанаш Нозимӣ гӯё ба ҷисму ҷони вай оташ рехт, сӯзиши дилаш паст намешуд. «Хуши шавҳараш ба ин духтар рафта будаасту вай бехабар...» Гуму гӯр шавад Шаҳноз, худо занад шавқарашро, дили бузуқаш дар гӯр...
Баъди ин ҷанҷол Мушарраф аз Шаҳноз мекебид, ба саломаш базӯр алейк мегирифту аз наздаш мерафт. Вале ба ақидаи Мушарраф вай беномуси гузаро будаст. «Апа, шумо аз ман малол шудед? Гап занед, апаҷон, дилама сиёҳ накунед, бахудо, ман мемурам... шумоя нағз мебинам», қиқир-қиқир хандида, ба доманаш мечаспид... Хандида-хандида ҷигари ӯро пора мекард.
Як бегоҳӣ ӯ худаш хонаи онҳо омад. Мушаррафро бо шавҳар, кӯдаконаш ба хонаашон таклиф кард. Бародарасро тӯй мекардаанд, арӯс меовардаанд. Модараш ҳам омад, мошин фиристоданд. Ноилоҷ монда буд, ҳамроҳи шавҳар, кӯдаконаш хонаи онҳо рафт. Раксу бозӣ сар шуд, маърака гарм гашт. Шаҳноз он шаб гӯё даруни симу зар ғӯтида буд. Либосҳои нестамдарҷаҳон дар бар, аз саҳна — аз назди ҳофизу машоқон дур намешуд... Мерақсид, рӯи як танга бозӣ мекард... Дар равшании чароғҳои барқ аз ҳаррӯза хушрӯю зеботар метофт. Назари ҳама ба вай. Нигоҳи Мушарраф ҳам ба рӯи Шаҳноз. «Хуб хушрӯ аст ин ҷавонмарг», хандаҳояш ширин, даҳонаш гул барин... Вай рақсида-рақсида, бо ҳазор нозу адо пеши Мушаррафу шавҳараш омад, ба ӯ нимтаъзим кард ва Нозимиро ба рақс хонд. Маътали имо будааст худозадаи шавқараш. Ақаллан як бор ҳам не нагуфт, чи хеле мегӯянд, нӯлпогизакунӣ ҳам накард. Ба рақс баромад. Аз зери оринҷи Шаҳноз дошт, вай ҳам ба ӯ часпид... Ба рақс омаданд ҳар ду, чарх мезаданд, осмону замин дар ин лаҳзаҳо пеши назари Мушарраф гирдгардон буд, чароғҳо сиёҳу кабуд... Шавҳараш бо Шаҳноз мерақсад? Меҳанданд, табассум мекунанд? Дар пеши назари ӯ?! Оташ мезанад ӯ ҳардуи онҳоро, дар аловашон гарм мешавад... Кӣ хаёл кардаанд ӯро? Вайро девона, аблах

пешина
аз 399
навбатӣ