Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Табаш баланд,— ва илова намуд:— додо, мегӯяд, падараш дар куҷо? — Пурсид аз Мушарраф.
— Падараш?..— Мушарраф пеши зан ҳам дилашро холӣ карданӣ буд, лекин забонаш нагашт, ҳис кард, ки алҳол аз ҷудошавии онҳо, зангирии Нозимӣ огоҳ нест, сир бой надод, дурӯғ гуфт. Намехост, пеши ҳама коҳи кӯҳнаро бод диҳад. Тоқаташ намонда буд аз ин гапҳо ҷои гурез меҷуст.
— Дар сафар аст?
— Ҳа,— нимғурма ҷавоб дод.
— Куҷо рафтааст? — Зани аз дарди дили вай ноогоҳ ба ҷароҳаташ хор мехалонд ӯро месӯзонд.
— Ба ҷои дур.
— Хабар диҳед, гӯед, баргардад.
— Рӯям сиёҳ мешавад, чӣ кор кунам? Аз бачаам намонам боз, хола.
Нозимӣ дар долон пайдо шуд, дар бар либосҳои домодӣ. Костюми нави сип-сиёҳ, куртаи сафед, галстук.
Дар по туфлии нав, чи хеле, ки мегӯянд, гӯё аз даҳони мор кашида шуда бошад. Вале ба назар афтода, таҳи рӯяш коҳида... Базӯр пойро аз пой мекашид, ҳангу мадораш намонда, аз бемории домана хестагӣ барин.
— Додо, — гуфт Мижгон, ки дасти модарашро дошта меистод.
— Дам ист, додо надорӣ,— Мушарраф боитоб бо кафи даст даҳони духтарашро басту рӯ ба тарафи девор гардонд.
— Хола, Меҳрубон дар куҷо? — пурсид аз ҳамшира Нозимӣ.
Ҳамшира, ки аз муносибати зану шӯ дар тааҷҷуб шуда буд, чӣ гуфтанашро намедонист.
«Писарам, Меҳрубон мегӯяд, хонасӯхта! Чӣ мекунӣ фарзандро? Номашро нагир, Меҳрубон нагӯй! Зани ҷавон гӯй! Шаҳноз гӯй! Садкаи нохуни пояш шавӣ: ба дами марг бурдӣ ӯро, ношукр, худозада!»
— Хола, Меҳрубон дар куҷо мегӯям,— такроран пурсид Нозимӣ.
— Аҳволаш вазнин.
— Дар кадом палата? Сардухтуратон ку?
— Сардухтур дар кабинети худаш, лекин пеши писаратон даромадан намемонем. Мумкин не,— таъкид кард ҳамшира.
— Як бор гуфтед бас, хола, шунидам, кар нестам.

пешина
аз 399
навбатӣ