Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

сухану соҳиби ҳукм! Дили Нозимӣ мадор гирифт. «Дигарон ҳама шаф-шаф мегӯянд, шафтолу аз забони ҳамин одам шунида мешава...» Нигоҳи имдодхоҳо-наи Нозимӣ ба муҳаррир. Ҳама интизори сухани ӯ. Ва онҳо низ, аз афташ фикр мекарданд, ки ҳоло вай боз шогирдашро дастгир мешавад. Шӯру мағали дига-рон бефоида, гапи ӯ гап...

— Рафиқон, — ба ҳама муроҷиат кард Мавлонзо-да.— Ин ҷо як Нозимӣ гунаҳкор нест, ҳа, гунаҳкор тан-ҳо ӯ не,— такрор намуд.

Нозимӣ аз ҷояш қариб нимхез шуд. «Ташаккур, мӯйсафед», зери лаб пичиррос зад.

Мавлонзода давом намуд:

— Гунаҳкори асосӣ манам, ман ин одамро ба ин дараҷа расондам, ба ҳама сабаб шудам, ҷилавашро на-кашидам, ба ихтиёраш сар додам. Андешаҳои беҳуда доштам, пуч, бемаънӣ... Ин одам ким-кайҳо бояд аз ин даргоҳ мерафт, ким-кайҳо...

«Чӣҳо мегӯяд ин мӯйсафеди аҳмақ, ақлашро хӯр-дааст, ё девона шудааст...» — Қомати Нозимӣ хам зад. «Ноустувор будааст, дар рӯзи бадаш ӯ ҳам аз Нозимӣ рӯ тофт, «намешиносамаш» гуфт. Гӯё ӯ Мавлонзода нест. Аз афташ, метарсад, ки гап мешунавад. Чавкии мансаб ба вай азиз. Аз Нозимӣ ба ӯ чӣ суд? Нав фаҳ-мид, ӯро, шайтони беимон!..»

Дар охир раиси маҷлис аз ҳозирон пурсид, ки дар ҳаққи Нозимӣ чӣ ҷазое раво мебинанд.

Боз Мавлонзода даст бардошт.

— Аз кор ронда шавад.

— Ман тарафдори таклифи Мавлонзода,— овози Шафиӣ боҷуръаттар садо дод.

Аммо худи котиб — садри маҷлис таклифи дигар ба миён овард: ба Нозимӣ выговори қатъӣ, вале охи-рин дода шавад... Ғайр аз устодҳои азизаш Мавлон-зода ва Шафиӣ дигарон ҳама ба як овоз тарафдори таклифи Шафақ Шариф шуданд. Хайрият шуд... Ӯ дар ҳамин маҷлис ба ақидаи худаш дӯсту душманҳои ҳақиқиашро шинохт. Аз маҷлис баромада Меҳрубонаш ба хотираш омад: «Наҳод ӯ бемор аст?».


Дари ҳуҷрае, ки Меҳрубони модар хобидааст, кушода шуд. Ҳамшираи шафқат — зани миёнсоли чашму абрӯсиёҳе сӯзандоруҳо дар даст берун омад.

пешина
аз 399
навбатӣ