Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Кӯдаконатро дӯст дор, онҳо туро «додо» мегӯянд, чашмашон ба роҳат, ба касал задаанд. Ту акнун ҷавони навхат не, мӯйҳои сарат сафед шудаанд, айб аст, шарм дор.
— Таъна назанед, мӯйсари ҳама сафед мешавад, — қаҳри Нозимӣ омад.
— Рост мегуфтаанд, мо туро эрка кардем, як чиз мешавад, оянда дорад гуфта.
«Боз таъна шунид Нозимӣ. Некию нағзиҳои аз Мавлонзода дидааш аз почаки биниаш омад. Миннат кард».
— Дигар некӣ накунед, — ба рӯи ӯ медавид Нозимӣ.
— Фарзандҳоятро соҳиб шав.
— Худам ақл дорам.
— Намехоҳӣ?
— Аз кор пеш кунед, — ба муҳаррир дарафтода буд ӯ.
— Худам туро ба кор оварда будам.
— Таъна назада боз пеш кунед.
— Агар гуфтаҳоям иҷро нашавад, ҳамин хел мекунам.
— Натарсонед маро, рафиқ Мавлонзода, — дигар ӯро муаллим нагуфта фамилияашро ба забон овард Нозимӣ. — Нон дар ҳама ҷо пур, аз дастам кор меояд, пеш кунед, аз гуфтаатон нагарбед. Шумо ба ман падар не, ки ҳамеша дар ихтиёратон бошам, шумо муҳаррир, сардори идора. — Нозимӣ оташин шуда аз ҷояш хест, аз дар баромада онро аз пасаш сахт пӯшид.
«Ана ба чӣ дараҷа расида будааст ин одам. Мавлонзода — муҳаррири газетаро ҳам писанд намекардааст. Дарро ба девор зад, гапгардонӣ кард». Дар ҳолате, ки хун ба сари рухсораҳояш давида ба ғазаб омада буд, хам шуда тугмачаи зангро пахш кард, баъд коғазеро пеш кашид...
Нозимӣ аз назди муҳаррир берун шуду гӯё баъд ақлаш ба сар зад, ҳамкорон, бинои редаксия, офтоб гирду атроф ба назараш тофтанд. Даруни оташи сӯзоне монда буд, ки пас аз гузаштани фосилаҳо ҳарорати дилу ҷигараш паст шуд. «Чӣ кор кард? Чӣ шӯр хезонда аз назди Мавлонзода баромад? Вайро акнун аз кор ҷавоб медиҳад. Дар хаёлаш набуд ин гапҳо... Ғазабаш, ки меомадааст, Мавлонзода ҳам одами ганда мешудааст. Вай акнун аъзои коллективи рӯзнома нест... Меравад ӯ, пешаш карданд... Дар кабинеташ Шаҳноз интизор, он ҷо Шафии сиёҳдил... Ба чӣ ҳол ин хабарро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё