Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

пеши муҳаррир рӯ-рӯи хона кашиданӣ шуд, аз ҷояш хест, сараш гӯё азони ӯ набуд, пойҳояш ҷӯрубак. — Номард! — гуфт боз ва истода натавонист, якнима рӯи фарш ғелид... Гиряяш омад, ашк аз сари рухсораҳояш шорид.

— Ба шумо ҷавоб, равед — фармон дод ба Шафиӣ ва аз паси ӯ дарро сахт пӯшид. Дар ин чанд лаҳза Нозимӣ ба худ омада буд, гӯё хушёр шуд, хеста ба курсичае нишаст.

— Боз нӯшида ба кор меоӣ? — пурсид муҳаррир.
Аммо вай ҷавоб нагуфт.

— Бори дигар агар нӯшида ба кор биёӣ, аз ман умед накун, ним лаҳза нигоҳ намедорам, ҷавоб медиҳам, меравӣ, тамом, вассалом! — Мавлонзода рӯ-рӯи хона мегашт. Ӯ боз ба паси мизаш омад, дафтари ғафси калонеро аз болои он бардошт.

— Оилаат навиштааст, шикоят кардааст, дурӯғ не, ҳамаи гуфтаҳояш рост, ҳақ аст ӯ.

«Мушарраф аз болои ӯ арз кардааст?» Аз занаш ин хел умед надошт-ку? Ё иғво андохтаанд? Шояд ҳамин Шафиӣ устодаш вайро бардор додааст. Кори ҳамин одам будагист, хапу хомӯш мегаштааст, бало будааст, офат. Тинаташ нопок, мор... Пеши муҳаррир дар ҳаққи вай гапҳое гуфт, ки асло чашмдор набуд. Ҳамин хел беибо ба рӯи одам медавидааст ӯ? Забон доштааст?
Забон ҳам гап! Вай рӯю риё надоштааст. Ана, чӣ зоте будааст ин одами ҳалиму боодоб, хомӯш? Нозимӣ аз ҳайрат карахт шуда буд, ба худ намеомад. Занаш ҳам навиштааст. Ҳамаи касофатиҳо паи ҳам».

— Бо ҳамсарат оштӣ шав, ғами кӯдакоятро хӯр, —
гуфт ва боз пурсид: — Шунидӣ, чӣ гуфтам? Рав.

— Наметавонам, муаллим.
— Барои чӣ?
— Дилам мондааст.
— Дар вақташ шайдояш будӣ. «Шавад ҳам, ҳамин Мушарраф, нашавад ҳам, Мушарраф, бе вай зиндагӣ намекунам, ёрӣ расонед», мегуфтӣ. Ё аз хотират рафтааст?

— Не, муаллим.
— Боз наваш, Шаҳноз маъқул? Ба чанд даромадӣ?
— Ба сию панҷ.
— Ин духтар чандсола?
— Ҳаждаҳсола мешавад.
— Ду баробар аз худат хурд-а?
— Ман ин духтарро дӯст медорам, илоҷ надорам...

пешина
аз 399
навбатӣ