Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Меранҷад, эҳтиёт бош, мерамад, меравад, анг мемони...» Муаллим шогирдро таскину тасаллӣ дод. Нашуд... Ёру рафиқонашро гӯё намедид, гуфтугузорашонро намешунид. Сарашро миёни кафҳо дошта паси мизаш менишаст, намеҷунбид, гӯё нафас ҳам намебаровард. Соатҳо бо ҳамин хол гузаштанд. Лаҳзаҳои тираю нохуши умраш буданд он мавридҳо... Бо ҳамин минвол соатҳо мегузашт. Устод Шафиӣ аз ҷояш бархост, дари кабинеташонро аз дарун қулф андохта, аз ғалладони мизаш шишаеро берун овард, «тараққӣ» ба рӯи мизи Нозимӣ зад. Ӯ сар боло кард. «Мешӯем», гуфт ва даҳони шишаро кушод... Дар лабони Нозимӣ ханда омад.
— Ҳа, менӯшем, устод, резед,— гуфт. Як шиша ба дилу ҷигари биръёни Нозимӣ кора накард... Устод шиша паи шиша овард. «Фаромӯш намекунам, устод» миннатдор шуд Нозимӣ. Ҳамон рӯз нӯшида-нӯшида аз рӯи курсичааш чапа шуда ба фарши хона ғелид... Табъи Шафиӣ болид: ҳамин хел рӯз ҳам мерасидааст. Орзу дошт, ки минбаъд ҳар рӯз чунин ҳол рӯй диҳад... Шогирди мансабҳоҳаш дар таги дари идораи рӯзнома аф- тад, ба хоку лой ҷӯлад, бубинадаш, тамошо кунанд. Он рӯз хабари Нозимиро нӯшондани устод ба гӯши му- ҳаррир расида будааст, пинҳон намемондааст гап. Девор муш доштааст... «Шумо, Шафиӣ, одам нестед», гуфт бо ғазаб ба ӯ Мавлонзода...
Муҳаррир Шафиӣро боз дар масъалаи Нозимӣ чеғ зада будааст. Хайрият, ариза аз болои Шафиӣ набудааст, шукр...
— Занаш арз кардааст, бо сӯзу гудоз навиштааст. Боандеша, бофаросат, будааст ӯ.— Мактуби муфасса- ли Мушаррафро хонда мутаассир шуда буд Мавлонзода.
— Ҳа, рафиқ Мавлонзода, зани Нозимӣ аврати бо- ақл, медонам, хонааш мерафтам, дар хонааш ҳам нағз... тилло. Кӯдакҳояшро намегӯед, — аз гуфтаҳои муҳаррир Шафиӣ рӯҳбаланд шуда буд.
— Ҳамин гапҳоятонро ба худи Нозимӣ намегӯед, насиҳат намекунед. Дар бораи дӯстӣ менависем, ҳам- дилӣ, ҳамраъйӣ мегӯем, падару модаронеро, ки кӯда- қонашонро сағера мекунанд, танқид мекунем, лекин ху- дамон...
— Худи Нозимӣ дар ин мавзӯъҳо бисёр менави- сад. Нопок аст, одами ифлос...
— Барои ҳамаамон айб, шармандагӣ... Гӯед, бо занаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё