Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

«Гулу булбул барин, ҳамеша ҳамин хел бошанд» ба дил гуфт ӯ.

Вале ҳамин лаҳза ҳам писар ва ҳам келин ӯро диданд. Диданду табассум, ханда аз лабонашон гурехт.

— Бачаҳом, нағз ҳастетон, худо ҳардуятонро ҳам нигаҳбон шавад, — ҳиҷолатманд аз Талбаку келинаш аҳвол пурсид кампир.

— Оча, ин туӣ? — пурсид Талбак ба оҳанге, ки саропои пиразанро ларза фаро гирифт.

— Ҳа, бачам, ин манам. Туро ёд карда омадам, бе ту ман дар ҳеҷ ҷо зиндагӣ карда наметавонам, дар хонаи ту, пеши пойҳои ту мемирам ман, бачем! — гуфт модар бо овози гирифта.

Талбак ба занаш чизе гуфтани шуд. Вале духтарак боитоб аз вай рӯ гардонд. Сабаби ба ғазаб омадани ӯро боз кампири Сабрия фаҳмид.

— Ту, оча, моро тинҷ зиндагӣ кардан намемонӣ, аз афташ. Охираш хонавайрон мешавам.

— Ин хел нагӯй, бачам, ин хел нагӯй.

— Чӣ гуям? Агар ту хушбахтии фарзандатро мехоста бошӣ... — Талбак даст афшонда, бо шаст баромада рафт.

Модар ноилоҷ аз раҳаш гашт. Паси дарвоза такя ба асояш хеле истод. «Писаракашро дид, сиҳату саломат будааст, хайрият, худо нигаҳбонаш шавад» — гуфт ӯ ва чашмони камнураш лиқи об, якто-якто асо зада, роҳи деҳаи Лолазорро пеш гирифт.

пешина
аз 399