Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаррир вайро наздаш даро гуфт? Аз афташ ягон материали шӯъбаро хондааст, маъқул нашудааст, ё саҳву хатое гузаштааст. Ба ҳар нуқта хӯрдагирӣ мекунад ин одам... Умуман як сол боз ғурбати Мавлонзода ба сари ӯ зиёд шудааст. Бо ҳазор фикру хаёл, бо гардани баста то тағи дари муҳаррир омад.

— Чӣ мегуфта бошад? — аз котиба пурсид.

— Намедонам, — котиба рӯи мошини хатнависӣ ҳам шуда кадом ҳарфи онро меҷуст. Ангуштони нозукаш болои ҳарфҳо рафтанд.

Мавлонзода дафтари калонеро варақ мегардонд, ба қалами сурх ба тағи баъзе сатрҳо хат мекашид, боз онро варақ мезад.

— Ариза, шикоят...— Мавлонзода айнакро аз чашмонаш гирифта болои дафтар гузошт.

— Ариза?! — бо шунидани ин ҳарфи хунук дили Шафиӣ дар сандуқи синааш гӯё чанд лаҳза аз задан монд. Дасту панҷаҳояш сард гашт, карахт шуд. Ариза? Шикоят аз болои ӯ? Кӣ навиштааст? Чӣ навиштааст? Ду рӯз пеш бо ҳамсояаш кампири Муслима шӯр хӯрда буд. Ҷанҷолашон кирои гап ҳам набуд...

Ё ки шикояти ҳамон марди қоматбаланди хароб — ошпаз бошад? Дар ошхона одамон навбат меистоданд. Ба доду мағали онҳо эътибор надода пеш гузашт, мудири ошхона — ҳамон марди қоматбаланди харобро ёфт, ҳуҷҷати мухбириашро ба ӯ нишон дод... Ҳа, дигар гапи зиёде байнашон нагузашта буд. Ё ҳамин одам нокас будааст?.. Ҳа, дина ба магосини гӯшт даромада «ман коргари газета, аз лаҳмаш» гуфт... Боз чӣ гуноҳе дар ҳамин рӯзҳои наздик аз ӯ гузашт? Ба хотир меовард ӯ, навиштаанд... Иғвогару гапковҳо зиёданд... Муранд, ба бало зананд! Ҳама ба касалии навис-навис гирифтор... Ин Мавлонзодаи худозада-ку маҳтали имою ишоратҳо. Ба ӯ худо медиҳад, поида шиштааст, ки аз болои Шафиӣ кӣ шикоят мекунад. Чӣ хеле мегӯянд, «аъмолаш» дар назди муҳаррир сиёҳ шудааст. Чизҳои навиштаи Шафиӣ ба ӯ маъқул не. «Хушк менависед, аз як қолиби шахшуда намебароед, мақолаҳоятон пур аз калимаю ибораҳои обшуста, намехонед, Шафиӣ, ақиб мондед, ақиб... Шогирдҳоятон ба шумо механданд...» Андеша надорад, ҳамин гапҳояшро дар маҷлисҳо, дар пеши ҳама, пеши бачаҳои дина ба газета ба кор омада ҳам мегӯяд. Фикр намекунад, ки Шафиӣ қариб сӣ сол дар газета кор мекунад, дар ин даргоҳ

пешина
аз 399
навбатӣ