Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Нашунидӣ?
— Не, додош, кар шавам, агар ягон хабар шунида бошам.
— Ана бин, — аз бағалаш, аз зери ҷелаки суфи фед газетаро бароварда пеши модар ҳаво дод. Ҳамин газета буд, модар медонист, — сурати духтаратро тамошо кун, — ба сурати Мушарраф ишора кард, — духтар калон кардӣ, ба сатр, бамаънӣ... Ба таънаи модар забон кушод. — Ба духтарат дидани аҳли қишлоқ басӣ накард. Рӯи кушодаи вайро акнун дар бозорҳо, дар маъракаҳо тамошо мекунанд, бузбалаҳои қишлоқҳои дигар мебинанд, духтари эшони Неъматуллохон, бинед, мегӯянд, ба якдигар нишон медиҳанд... Нав ҳамин гапро дар боғ ба ман гуфтанд, хандиданд, тамасхур карданд... Худат, — ба занаш муроҷиат кард, — акнун гӯй, чӣ гӯям, ба вай, чӣ кунам?..
Падараш дар хона ҷанҷол андохт, шӯру мағал, қариб як ҳафта як луқма нонро дар даҳони Мушаррафу модараш заҳр кард, онҳоро рӯз надод, алови ҷанг намурду. Ҳамон рӯзҳо ба зани бародари калонаш — ба янгаи баддаҳони ӯ худо дода буд, ба алови ҷанг гӯё ҳезум мепартофт, бод медод, ба додари Мушарраф дар ҳаққи ӯ бадгӯӣ мекард. Гапу калоҷаи зиёд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Мушарраф аз Нозимӣ миннатдор, хурсанд буд, ки вайро таъриф кардааст. Дар ҳар сатр нағзбинӣ, дӯстдории вай аён, онро гашта-баргашта мехонд, дилаш, ба гуфтаи янгааш, қурумас мезад, ҳавой мешуд, аз хонаашон баромада «ху» гуфта назди Нозимӣ рафтан мехост. Гапҳои зиёде дар дилаш, ба ӯ мегӯяд. Интизораш буд. «Кай меомада бошад?» аз худ суол мекард. Бояд меомад. Ҳамон рӯзҳо пурсида буд, ки падараш чикора? «Боғбон, боғҳои колхозро бонӣ мекунанд», ҷавоб дод Мушарраф. «Дар бораи он кас очерк менависам», ваъда дод. «Он кас намехоҳанд, розӣ намешаванд», пешакӣ медонист ӯ. «Хайр дар бораи кадоме аз хешовандони шумо нависам?» Холаи Сабоҳаташро ном бурд. «Он кас говчӯши пешқадами колхоз, депутати совети районӣ», таъриф кард. «Шуд, меоям, наздашон меравем» ваъда дод Нозимӣ. Бо ҳамин восита Мушарраф ӯро мебинад. «Кай меояд ӯ?» Кошки ҳамин соатҳо меомад, пазмонаш шудааст Мушарраф...
Мудири мактаб Мушаррафро аз синф ба берун чег зад, гуфт, ки китобҳояшро гирад, ба ӯ ҷавоб.
— Чаро? — пурсид.

пешина
аз 399
навбатӣ